Се ноболиғи 12-13-сола ба иттиҳоми дуздии ҷӯмакҳои обгузар аз манзили як сокини деҳаи Ҷӯибодоми ноҳияи Рӯдакӣ, боздошт шудаанд. Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, ки ин ноболиғон рӯзи 19-уми декабр ба ҳавлии истиқоматии яке аз сокинон ворид шуда, аз онҷо 669-адад ҷӯмакҳои обгузари "Винтел", ки арзиши умумиашон 18 ҳазору 211-сомонӣ мебошад, дуздиданд ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Мақомоти пулис мегӯянд, пас аз он, ки соҳибхона мақомотро дар ҷараён гузоштанд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ин се ноболиғи сокини деҳаи Ҷӯибодом боздошт шудаанд ва тафтиши ин ҳодиса идома дорад.