Русия боз як зодаи Тоҷикистонро барои иштирок дар ҳайати созмонҳои террористӣ муттаҳам карда, ба ҷустуҷӯи байналмилалӣ супурд. Аббос Байнаев, зодаи шаҳри Истиқлол (Табошаҳри собиқ)-и вилояти Суғд 27-сола буда, шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро дорад. Бино ба иттилои расмии “Интерпол” – пулиси байналмилалӣ – Байнаев забонҳои тоҷикиву русӣ ва узбекиро хуб медонад.
Дар саҳифаи расмии “Интерпол” дар интернет дастикам 31 шаҳрванди Тоҷикистон бо дархости Русия ҷустуҷӯ мешаванд. Аксари ин афрод барои фаъолиятҳои террористӣ, ташвиқ ва тарғиби терроризм дар хоки Русия, узвият дар гурӯҳҳои ифротгаро ва куштору қочоқи маводи мухаддир муттаҳаманд.
Тоҷикистон дар навбати худ рӯйхати алоҳидаи афроди таҳти ҷустуҷӯро таҳия кардааст, ки он шомили садҳо нафар аст. Бисёре аз онҳо тавассути “Интерпол” ва қисме бо ёрии пулиси Туркия ва Русия ҷустуҷӯ мешаванд.
Бино ба омори охирине, ки мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, аз соли 2014, аз оғози таъсиси гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ", тақрибан 1900 ҷангҷӯи тоҷик ба ҳайати ин гуруҳ дар Ироқу Сурия шомил шудаанд.