Падаре, ки баъди марги писар эътироз кард, боздошт шуд

Давор Драгичевич

Полис дар Боснияву Ҳерсоговина мардеро боздошт кард, ки дар ҷустуҷӯи ҳақиқати куштори писараш эътирозҳои чандинмоҳа ташкил кард. Полис рӯзи 25 декабр Давор Драгичевичро дар шаҳри Банйя Лука, пойтахти Ҷумҳурии Серпска боздошт кард. Ҳамроҳ бо ӯ чанд тани дигар, аз ҷумла, собиқ ҳамсараш ҳам дастгир шудаанд. Ҳуқуқшиноси хонаводаи Драгичевич гуфт, ки дар ҷараёни боздошт ин мард осеб дид, вале полис ин иттиҳомро рад мекунад. Наворҳои видеоии пахшшуда дар шабакаҳои интернетӣ саҳнаи даргирии полис бо шаҳрвандони мулкӣ дар майдони марказии Банйя Лукаро ба намоиш гузоштаанд. Ҳайати Иттиҳодияи Аврупо дар умури Босния бо пахши изҳороте гуфт, ки таҳаввулотро пайгирӣ мекунад. Дар изҳорот дар заминаи поймол шудани қонун изҳори нигаронӣ шудааст.

Баъди боздошти Драгичевич бархе мардум бо полис задухӯрд карданд

Драгичевич баъди марги писараш Давид Драгичевич дар моҳи марти имсол ҳаракати “Адолат барои Давид”-ро роҳандозӣ кард. Ҷасади беҷони Давид як ҳафта баъди нопадид шуданаш дар обҳои дарёчаи маҳаллӣ пайдо шуд. Падар мегӯяд, ки писараш рабуда, шиканҷа ва кушта шудааст. Полис гуфтааст, ки дар хуни ҷавон нишонаҳои алкогол ва маводи мухаддир ошкор шудааст.

Вале падар пойфишорӣ дорад, ки “қатли писарашро вазорати умури дохилӣ ташкил кардааст”. Мақомоти Сараево ва Банйя Лука ин иттиҳомотро комилан рад мекунанд.

Баъди боздоштҳои 25 декабр, полис макони гиромидошти хотири Давид Драгичевичро, ки аз ҷониби мардум сохта шуда буд, пок кард. Дар лавҳаи хотираи худсохт сокинони оддӣ гулу шамъ гузошта буданд.

Боснияву Ҳерсоговина ба ду минтақаи маъмурӣ тақсим шудааст – сербӣ ва мусалмониву хорватӣ. Ин тақсимот баъди ҷанги сесолаи солҳои 1992-95 бар асоси созиш миёни сербҳо, босниягиҳои мусалмон ва хорватҳо ҳосил шудааст. Ҳукумати марказиро намояндагони ҳамаи ин гурӯҳҳо идора мекунанд. Бо ин вуҷуд, дар беш аз ду даҳсолаи баъди оташбасу имзои созишномаи сулҳ, ихтилофу таниш дар равобити байни душманҳои собиқ аз байн нарафтааст. Дар ин ҷангҳо 100 ҳазор нафар кушта шудааст.