Чеченҳои "ҳамҷинсгаро" аз пушти сарашон парронда шуданд

Сокинони Чеченистон Шото-Шамил Акаев ва Аюб Иброҳимов, ки дар "маҳбаси пинҳонӣ" барои "ҳамҷинсгароҳо" дар қаламрави ҷумҳурӣ нигаҳдорӣ мешуданд, 30-юми марти соли 2017 аз фосилаи наздик, аз паси сарашон парронда шуданд.

Дар ин бора нашрияи "Новая Газета" чопи Маскав, рӯзи 23-юми декабр бо такя ба гузориши пизишки қонунӣ хабар дод, ки ҳангоми таҳқиқи Кумитаи тафтишот дарёфт шуд. Кушташудаҳо бо худ чизе надоштанд, аммо фарзияи расмӣ мегӯяд, ки онҳо ҳангоми ҳамла ба ходимони пулис ҳадафи тир қарор гирифтанд.

Бозҷӯии Кумитаи тафтишот бо дархости шаҳрванди Русия, сокини водии Перм Максим Лапунов оғоз шуд, ки ду сол дар Чеченистон зиндагӣ кардааст.

Моҳи октябри соли 2017 ходимони пулиси маҳаллӣ Лапуновро боздошт карда, ба Идораи ҷустуҷӯи ҷиноӣ бурданд ва ду ҳафта ғайриқонунӣ дар таҳхонае нигаҳ доштанд. Лапунов мегӯяд, ӯро барои ҳамҷинсгаро буданаш латту кӯб ва талаб карданд исми чеченҳоеро ошкор кунад, ки бо онҳо ҳамхоба шуда буд. Ӯ дар аризааш ҳамчунин навишт, ки дар таҳхона Акаев ва Иброҳимовро дид.

Тафтишот маълум кард, ки Акаев ва Иброҳимов 6-уми феврали соли 2017 боздошт ва баъди якуним моҳ парронда шуданд.

Рӯзи панҷшанбеи гузашта гузориши нақзи ҳуқуқи инсон дар Чеченистон ба Шӯрои САҲА пешниҳод шуд. Яке аз бандҳои гузориш маъракаи зидди "ҳамҷинсгароҳо"-и чечен буд. Дар ду мавҷи таъқиб садҳо нафар боздошт шуд. Машкук шудан ба тамоюли ҷинсии нафаре ягона асос барои саркӯб кардан буд. Ҳамаи боздоштшудаҳо дар "маҳбаси махфӣ" ҷойгир шуданд. Онҳоро латту кӯб, таҳқиқ ва шиканҷа карданд. Далели содир шудани ҷиноят дар гузориш сабт шудааст.

Дар ин гузориш ҳамчунин рафтори ғайримаъмулии мақомоти Русия нисбат ба ин маърака ва бетамоюлӣ барои тафтиши ин қазияҳо зикр шудааст.

Сарфи назар аз маъракаи густардаи муҷозоти гумонбарҳои ҳамҷинсгароӣ Лапунов танҳо нафарест, ки ба мақомоти тафтишот расман шикоят бурд. Ягон нафар аз чеченҳо дар ин бора ба мақомоти Русия шикоят накарданд. Танҳое онҳоее, ки тавонистанд фирор кунанд, бо ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия Татяна Москалкова мулоқот карданд. Онҳо омода буданд бо тафтишот ҳамкорӣ кунанд. Аммо сарфи назар аз муроҷиати расмии Москалкова ба Кумитаи тафтишоти Русия ҳеҷ чорае барои боз кардани парванда дида нашуд.