Рӯзи 25 декабр дар Душанбе иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин иҷлосия ширкати ҳама аъзои Маҷлиси миллӣ тақозо мешавад. Дар ҷараёни кори иҷлосия ширкати аъзои ҳукумат ҳам дар назар аст.
Рӯзи баъдӣ, 26 декабр қарор аст дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон – палатаҳои болоиву поёнии парлумони Тоҷикистон президент Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кунад. Паёми президент ба парлумон, ба навиштаи оҷонсии “Ховар”, фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон хоҳад буд. Бархе манобеи Радиои Озодӣ қаблан гуфтанд, ки президент дар ин паёмаш ба зарурати роҳандозии ислоҳоти иқтисодӣ ва зинда кардани саноату бахши истеҳсолот, инчунин кори бонкҳои Тоҷикистон даъват хоҳад кард.