Додгоҳ Қадами Қурбонро ҷарима баст
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додгоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) овозхон Қадами Қурбонро бо ҷурми нақзи қонуни танзими анъана 3 ҳазор сомонӣ (муодили беш аз 300 доллари амрикоӣ) ҷарима кард. Қадами Қурбон, сокини 48-солаи ҷамоати Ҷагами ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, бештар бо иҷрои тарона ва рафторҳои аҷибаш дар шабакаҳои интернетӣ маъруф аст.