Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни нави фарҳанг саҳнаро барои Қадами Қурбон танг мекунад?


Як илова ба Қонуни нави фарҳанги Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ки аз ин ба баъд сафарҳои дохиливу хориҷии ҳунармандони тоҷик ва барномаи ҳунарии онҳо бояд бо Вазорати фарҳанг ҳамоҳанг карда шавад.

Ҳадаф аз ин, ба қавли вазорат, муаррифии арзандаи фарҳанги тоҷикистониён аст. Ба эътиқоди мунтақидон, ин муқаррароти қонун озодиҳои эҷодии ҳунармандонро маҳдуд месозад ва сабаби сензураи ҳунарӣ мегардад. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи нави Қонун дар бораи фарҳангро охири соли гузашта тасвиб кард ва он аз рӯзи 18-уми январ расман ҳукми иҷро гирифт.

Акмал Олимшоев, сардори шӯъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар вазорати фарҳанг ва узви гуруҳи кории таҳияи қонуни нав дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки солҳои ахир бархе аз овозхонҳову ҳунармандони тоҷик бо барномаҳои ҳунарии камарзиш ба минтақаҳои кишвар ва хориҷ сафар мекунанд. Аз ин сабаб ба қавли ӯ, вазорат пешниҳод кардааст, ки минбаъд тибқи моддаи 51-и қонун чунин сафарҳо ва муҳтавои барномаҳои фарҳангӣ бо сохторҳои вазорат ҳамоҳанг карда шаванд.

Акмал Олимшоев: “Мақсад аз ин мувофиқа дар чӣ аст? Мақсад ин аст, ки мақоми ваколатдор аввал бо программае, ки пешниҳод карда мешавад, шинос шавад. Зеро, агар ин дар хориҷи кишвар бошад, ин имиҷи давлат мебошад. Ваколатдор бояд бидонад, ки фарҳангу ҳунари мо чӣ гуна муаррифӣ мешавад.”

Солҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳунарнамоии баъзе аз овозхонҳои тоҷикро ҳам дар дохили Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷ танқид мекунанд. Қадами Қурбон, ки яке аз онҳое, ки соли гузашта барои ҳунарнамоӣ дар як барномаи телевизиони Русия сахт танқид шуд ва дар умум дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди ҳам танқиду ҳам таъриф қарор мегирад, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин муқаррароти нав огаҳӣ надорад. Посухаш ҳазломез ва ин буд: “Кора бас мекунем акнун. Ман ба хориҷа ҳам намеравам, танҳо дар Тоҷикистон кор мекунам.”

Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттиҳоди адибони Тоҷикистон, талаби нав дар қонунро кори дуруст мешуморад, вале айни замон гуфт, ҳунарнамоии як нафари алоҳида баёнгари фарҳанги тамоми кишвар буда наметавонад: “Одамоне, ки ҳунарашон мисли Қадами Қурбон, ё кадом нафари дигар дар нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон ба бархе мақбул мешаванд, аз номи миллат ҳунарнамоӣ намекунанд, аз номи миллат ҳарф намезананд ва ҳама инро медонанд. Як репсаро наметавонад, аз номи тамоми миллат ҳунарнамоӣ кунад.”

Тамара Абдушукурова, вазири собиқи фарҳанги Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки замони шӯравии пешин фаъолияти ҳунарии овозхонҳо бисёр сахт назорат мешуд. Ба қавли ӯ, ҳоло сензураи ҳамон замон зарур аст: “Камбудиҳо бениҳоят зиёданд ва ин қонун саривақт баромад. Мо бояд барои тарбияи ҷавонон бисёр талош кунем. Ҳунармандон метавонанд, дар ин кор саҳм дошта бошанд. “

Нобовар Чаноров, овозхони маъруфи тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, ки агар масъулони Вазорати фарҳанг мехоҳанд, муҳтавои барномаҳои ҳунарии овозхонҳоро ба танзим дароваранд, ин хуб аст, вале, ба гуфтаи ӯ, танзими барномаҳои ҳунарӣ дар хориҷ душвор аст.

Нобовар Чаноров, ки зуд-зуд барои иҷрои барномаҳои ҳунарӣ ба кишварҳои хориҷӣ даъват мешавад, гуфт: “Агар мо аз сӯи ширкате дар хориҷа даъват шавем, онҳо талаботи худро доранд ва мо бояд тибқи талаботи онҳо баромад кунем. Вақте продюссере моро даъват мекунад ба Аврупо, онҳо худ медонанд, барои тамошобинашон чӣ сурудаҳое даркор аст.”

Насибҷон Амонӣ, фарҳангшиноси тоҷики муқими Қазоқистон ба ин назар аст, ки “ҷорӣ кардани назорати сафарҳои ҳунарии овозхонҳо бо арзишҳои демократии Тоҷикистон созгор нест”. Ӯ мегӯяд: “Даҳҳо ҳунарманд ба манотиқи мухталифи ҷаҳон ва худи Тоҷикистон сафарҳои ҳунарӣ мекунанд ва назорати ҳамаи онҳо ҳатто душвор ба назар мерасад. Ман дар Қазоқистон зиндагӣ мекунам ва чунин муқаррароте дар ин кишвар вуҷуд надорад.”

Акмал Олимшоев, узви гуруҳи кории таҳияи қонуни нави фарҳанг иддаоҳо дар бораи сатҳи пасти фарҳанги бархе аз овозхону ҳунармандонро қабул дорад. Ҳадаф аз муқаррароти нав низ мубориза бо ҳамин гуна ҳунарнамоӣ аст. Аммо ӯ иддаои бархе аз фарҳангиёнро, ки мегӯянд, муқаррароти нав озодиҳои эҷодии ҳунармандро маҳдуд месозад, дуруст намешуморад. Ба эътиқоди ин намояндаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, овозхон ё ҳар ҳунарпешаи дигар агар истеъдод дошта бошад, метавонад, ин меъёри нави қонунро ба соддагӣ риоя кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG