Оҷонсии зидди фасод ду мақоми ҳукумати ноҳияи Варзобро барои фурӯши ғайриқонунии қитъаи замин гумонбар кардааст. Нисбати ин ду мақом - раҳбари дастгоҳи ҳукумат Тоҷиддин Беҳбудзода ва раиси бахши лоиҳакаши ноҳия Маҳкам Оев – бо гумони фурӯши ғайриқонунии замин парвандаи ҷиноӣ боз шуда худи онҳо боздошт шудаанд.
Ин хабарро рӯзи 18 декабр дар нишасти Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти интизомӣ, ки дар ҳукумати ноҳияи Варзоб баргузор шуд, намояндагони Оҷонсии зидди фасод хабар доданд.
Як корманди ҳукумати ноҳияи Варзоб, ки дар ин ҷаласа ширкат дошт, ба шарти фош нашудани номаш аз қавли кормандони оҷонсии зидди фасод рӯзи 20 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт:
“Дар нишасти ин Шӯро гуфтанд, ки Варзоб минтақаи сайёҳӣ аст ва фурӯши ғайриқонунии қитъаи замин барои сохтмони бӯстонсаро номумкин аст. Ба гуфтаи кормандони оҷонсии зидди фасод, раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳия ҳамроҳ бо масъули бахши замин бо истифода аз мақоми худ чанд сотих заминро фурӯхта, маблағи онро ба манфиати худ сарф кардаанд”.
Мақомоти тафтишотии Оҷонсии зидди фасод дар нисбати масъулони ҳукумати ноҳияи Варзоб бо ҷурми “қаллобӣ” парванда боз кардаанд ва феълан онҳо дар боздоштгоҳи ҳамин сохтор қарор доранд. Ин хабарро як вакили дифоъ ҳам тасдиқ кард ва гуфт, ки Беҳбудзова ва Оев рӯзи 18 декабр боздошт шуданд.
Феълан мавқеи ин нафарон ба парванда ва ҳам эҳтимоли ин ки онҳо ин иттиҳомотро эътироф мекунанд, маълум нест.
Тавре сокинони Варзоб мегӯянд, хоҳиши афроди сарватманд барои доштани бӯстонсаро дар ин минтақаи хушбодуҳавои кӯҳӣ зиёд аст, ҳарчанд имрӯз ҳам бисёр макони наздисоҳилиаш бо хонаҳои боҳашамат оро ёфтааст. Дар Варзоб осоишгоҳи президентӣ ҳам ҷойгир аст, ки макони пазироии меҳмонони баланд мебошад.
Ин минтақаи ҳамшафати Душанбе бахше аз шоҳроҳи стратегии пайвандкунандаи пойтахт бо шимоли кишвар маҳсуб меёбад.