Путин гуфт, хатари ҷанги атомиро ночиз напиндоред

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рушди сусти иқтисодии кишварашро тобиши мусбат дод ва гуфт, ки он ба таҳримот мутобиқ шудааст. Ӯ Амрикоро барои даст кашидан аз як аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои атомӣ аз замони Ҷанги Сард танқид кард ва гуфт, набояд хатари ҷанги фалокатбори атомиро нодида гирифт. Вай афзуд:

“Мутаасифона чунин тамоюл ба миён омадааст, ки хатари ҷанги атомиро ночиз мепиндоранд. Ва ин тамоюл авҷ мегирад."

Владимир Путин гуфт, ҷанги атомӣ сабаби “аз байн рафтани инсоният мешавад.” Дар як моҳи ахир ӯ бори дуввум аст, ки дар бораи эҳтимоли ҷанги ҳастаӣ суҳбат мекунад, вале гуфт, умедвор аст, ки ақли солим пирӯз мешавад.

Владимир Путин дар ин бора ҳангоми нишасти хабарии солонааш дар рӯзи 20-уми декабр дар Маскав суҳбат кард. Раиси ҷумҳури Русия ин нишастро барои боло бурдани обрӯву эътибор, таскин додани мардуми Русия ва ирсоли паёмҳои сиёсӣ ба Амрико ва бақияи ҷаҳон истифода мекунад.

Ӯ гуфт, хориҷ шудани Амрико аз Аҳдномаи манъи истифодаи мушакҳо аз аоли 2002 "тавозуни стратегӣ"-ро зери хатар монд ва қасди Иёлоти Муттаҳида барои хориҷ шудан аз Аҳдномаи манъи густариши мушакҳои миёнапарвоз аз замони Ҷанги Сард қадами дигар ба ҳамон самт аст.

Нишасти хабарӣ, ки баъзан то чаҳор соат ва ё бештар аз он идома мекунад ва дар телевизион мустақим нашр мешавад, замоне сурат мегирад, ки танишҳо байни Русия ва Ғарб авҷ гирифтааст ва обрӯи Путин дар даври чаҳоруми раёсати ҷумҳуриаш поин рафтааст.