Зодрӯзи Степан Бандера, идеолог ва раҳбари ҷумбиши миллатчиҳои Украина, ҷашни расмӣ эълон шуд ва соли оянда украиниҳо 110 солагии ӯро дар сатҳи давлатӣ таҷлил хоҳад кард. Ин нукта дар муқаррароти ҷашнҳои расмӣ зикр шудааст, ки порлумони Украина рӯзи чоршанбе нашр кард. 232 намояндаи мардумӣ аз 333 қонунгузори ҳозир дар толори ҷаласа ба тарафдории ин санад овоз доданд.
Степан Бандера - яке аз арбобҳои сиёсӣ, идеолог ва теоретики ҷумбишҳои миллатхоҳии асри XX-и Украина аст. Ӯ соли 1959 аз тарафи агенти КГБ Богдан Сташинский дар Мюнхен кушта шуд. Назарҳо дар бораи шахсияти Бандера хеле гуногунанд.
Солҳои ахир, рӯзи 1 январ дар Украина, бо шумули Киев, ба хотири гиромидошти Бандера машъалҳо фурӯзон мешаванд ва раҳпаймоӣ ҷараён мегирад.
Русия ва Лаҳистон раҳбарияти Украинаро барои қаҳрамон сохтан аз Степан Бандера танқид мекунанд.