Наздикон: Бародарзодаи муфтӣ бар асоси парвандаи соли 2013 боздошт шуд

Муҳтадӣ Абдулқодиров, бародарзодаи 36-солаи муфтӣ ё раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода бар асоси моддаи “Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ”-и Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон дар боздошт ба сар мебарад. Наздикони Абдулқодиров рӯзи 17 декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки парванда нисбати ӯ ҳанӯз соли 2013 баъди ширкаташ дар як маърака дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) боз шуд.

Яке аз наздикони хонаводаи Абдулқодировҳо ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар он қазия Муҳтадӣ "хитоб ба мардум гуфтааст, ки маъракаҳои чил, ҳафт ва сол макрӯҳ буда” ва ин маросимҳо хилоф бо меъёрҳои гурӯҳи Салафия мебошанд. Парванда ҳамон замон аз ҷониби раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва бар асоси нишондони як сокини шаҳри Бохтар боз шуда буд.

Ҷараёни "Салафия", ки фаъолияташ аз соли 2009 дар Тоҷикистон мамнӯъ аст ва охири соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии кишвар созмони экстремистӣ эълон шуд. Наздиконаш мегӯянд, ки Абдулқодиров ҳамон сол кишварро тарк карда дар хориҷа зиндагӣ мекард.

Ба иддаои наздикон, охири ноябри соли ҷорӣ Муҳтадӣ Абдулқодиров бо ваъдаи афв аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон баргашт, вале боздошт ва аз рӯи моддаи 307 прим. 1, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гумонбар эълон шуд. Ӯ аз 29 ноябри соли ҷорӣ дар бозошт ба сар мебарад.

Абдулҳай Абдулқодиров, бародари Муҳтадӣ Абдулқодиров рӯзи 17 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз вазъи бародараш дар боздошт огоҳ аст, саломатии ӯ хуб аст, вале аз ин беш чизе гуфта наметавонад. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шурои уламои Тоҷикистон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ рӯзи душанбе хабари боздошти бародарзодаашро тасдиқ ва ё такзиб накард ва аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ намуд.

Мақомоти ҳифзи қонуни Тоҷикистон ҳам нахостанд ин мавзӯъро шарҳ диҳанд.

Наздикони Муҳтадӣ Абдулқодиров – писари бародари раиси Шурои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода мегӯянд, ӯ аз шароити нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳ шикоят надорад ва бо вакили дифоъ ҳам таъмин аст.

Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи он ки то куҷо Абдулқодиров иттиҳомоти зидди худро эътироф мекунад, яке аз наздиконаш гуфт, ки “аз карда пушаймон аст” ва умедвор аст, ки тафтишот инро ба эътибор мегирад.

Ҷараёни “Салафия” дар Тоҷикистон ҳамчун як созмони тундрав ва бегона бо арзишҳои мазҳабии мардуми ин кишвар мамнӯъ эълон шудааст. Додгоҳҳои Тоҷикистон даҳҳо нафарро бо ҷурми пайравӣ ваё пуштибонӣ аз ақидаҳои ин созмон пушти панҷара бурдаанд. Мақомот ба ин назаранд, ки пайравони ин ва дигар ақидаҳои динӣ метавонанд боиси бурузи ихтилофҳои мазҳабӣ ва эҷоди бесуботӣ дар кишвар шаванд.