Шоира Гулрухсор зодрӯз дорад. ВИДЕО

Рӯзи 17 декабр шоираи маъруфи тоҷик Гулрухсор Сафиева 71-сола шуд. Ин шоираи маъруф дар зиндагиаш даҳҳо китоб навишта, яке аз фаъолтарин адибони тоҷик боқӣ мемонад. Ӯ дар 22-солагӣ ба узвияти Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ шомил шуд ва ҷавонтарин узви ин созмон буд. Муаллифи маҷмӯи шеърҳои “Хонаи падар”, “Шабдарав», “Афсонаи кӯҳӣ”, “Дунёи дил» ва дигарҳо буда, баъди касби истиқлолияти Тоҷикистон чанд роман дар бораи зиндагии занони тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳам навиштааст.

Солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон як муддат дар хориҷа ба сар бурда, баъдан ба ватан баргашт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гулрухсор: Даҳони шоирро бастан натавон (Қисми 6)