Як созмони иҷтимоӣ дар вилояти Суғд барои ҳалли баҳсҳои марзӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон занонро ҷалб кардааст. Масъулони "Маркази имконият барои рушд" бовар доранд, ки агар занони минтақаҳои баҳсӣ бо якдигар забон биёбанд, фарзандону хонавода низ аз паси онҳо хоҳанд рафт.
Дар гузашта якдигарро намефаҳмидем. Мегуфтем, агар ӯ бачаи маро зад, ман ҳам ӯро мезанам. Қаҳри мо меомад. Ҳоло роҳи муросоро пеш гирифтем.
Ҷамила Қурбонова, сокини ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ба қарибӣ бо ҳамсояҳояш дар он тарафи марз дӯст шуд ва барои яке аз онҳо кӯрпача медӯзад. Ӯ рӯзи 14-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "бо онҳо дӯст шудем ва равуо мекунем. Онҳо мо хоҳиш карданд, ки барояшон кӯрпача дӯхта диҳем ва мо ҳам не нагуфтем".
Ҳамсояҳои тоҷику қирғиз дар наздикии якдигар зиндагӣ мекунанд, аммо яке дар ҳудуди Тоҷикистон асту дигаре дар Қирғизистон. То чанд вақти пеш муносибати ин ҳамсояҳо бо якдигар сард буд. Нармӣ дар муносибати онҳо баъди иштирок дар як лоиҳаи созмони "Маркази имконият барои рушд" дар мавриди ҳамсоядорӣ фаро расид.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷамила Қурбонова, яке аз роҳбарони занони маҳаллае бо беш аз 30 хоҷагӣ аст. Дар мулоқоти худ бо занон мавзӯъҳои марбут ба сулҳу ҳамсоядорӣ ва муносибатҳои ду кишвари ҳаммарзро матраҳ мекунад. "Дар гузашта якдигарро намефаҳмидем. Мегуфтем, агар ӯ бачаи маро зад, ман ҳам ӯро мезанам. Қаҳри мо меомад. Ҳоло роҳи муросоро пеш гирифтем. Муҳим ин аст, ки дӯстӣ карда тавонистем",-шарҳ дод ӯ.
Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, бахусус дар минтақаҳои марзии вилоятҳои Суғду Бодканд, борҳо сокинон барои обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд. Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марзи муштарак танҳо 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд. Ин ҳама ба муносибати сокинони ду кишвар, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ доранд, бетаъсир намонд.
Ҷамолиддин Эргашев, шаҳрванди Қирғизистон аст, аммо дар деҳае дар ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Чӯпон аст ва сокинони деҳа дар фасли зимистон чорвои худро ба ӯ бовар мекунанд.
"Муносибатҳои ду кишвар бояд хуб бошад, ҷангу ҷидол набошад. Дар осоиштагӣ зиндагӣ кардан хуб аст. Агар ман ягон чизе надошта бошам, аз ҳамсояҳои тоҷикам рафта мегирам",-мегӯяд ӯ.
Мушкили минтақаҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз Шӯравии собиқ ба мерос монда ва ҷонибҳо дар тӯли беш аз бист соли истиқлол натавонистаанд онро пурра ҳал кунанд.