Додситонҳои Туркия амри боздошти беш аз 200 низомиро бо гумони даст доштан дар табаддулоти нокоми соли 2016 содир карданд. Дар ин бора матбуоти Туркия рӯзи 14 декабр хабар дод.
Хабаргузории давлатии Анадолу мегӯяд, ки бо фармони додситони Истамбул 219 сарбоз, бо шумули чаҳор сарҳанг ва панҷ сарҳанги дараҷаи дуюм боздошт шуд.
Ҳукумати Туркия рӯҳонии мусалмон Фатҳулло Гуленро дар ташкили табаддулоти ноком муттаҳам мекунад, ки дар ҷараёни он 250 нафар кушта шуд. Гулен дар Амрико ба сар мебарад ва ҳамагуна иттиҳоми даст доштан дар табаддулотро рад мекунад.
Дар пайи табаддулои ноком ва саркубии "тарафдорони Гулен" мақомот 50 ҳазор нафар, бо шумули кормандони давлатӣ, журналистон ва муаллимонро боздошт карданд. Даҳҳо ҳазор нафар аз кор ронда шуд.
Мунаққидон президенти Туркия Раҷам Тайиб Эрдуғонро ба ин муттаҳам мекунанд, ки бо баҳонаи табаддулот мухолифонро саркӯб мекунад.
Мақомот инро чораҳои зарурӣ барои мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ меноманд.