Додгоҳ: "Занҷонӣ пас аз бозгардонидани қарзҳо эъдом мешавад"

Як масъули Додгоҳи олии Эрон эълон кард, ки Бобаки Занҷонӣ пас аз бозгардонидни қарзҳои худ ба давлат эъдом хоҳад шуд, аммо қисме аз ин амвол дар хориҷ аз кишвар аст ва додгоҳ ба он дастрасӣ надорад.

Ба гузориши хабаргузории "Тасним", Ҳодӣ Содиқӣ, муовини фарҳангии Додгоҳи Эрон рӯзи панҷшанбеи 13-уми декабр дар посух ба суоле гуфт, ки Бобаки Занҷонӣ бояд ҳама қарзҳои худро бозгардонад, аммо бахше аз амволи ӯ дар хориҷ аз кишвар аст ва "феълан дастрасӣ ба он надорем."

Бархе мақомоти эронӣ дар гузашта иддао карда буданд, ки ин тоҷири сарватманд аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва ҳамчунин бо афроди пурнуфузи ҳукумати Тоҷикистон робита дорад.

Ӯ дар идома гуфт, "мардум набояд барои иҷрои ҳукми эъдоми Бобаки Занҷонӣ шитоб кунад, зерои додгоҳ намехоҳад сарнахи ин амволро дар хориҷ аз кишвар гум кунад ва бояд ҳамаи амвол ба байтулмол бозгардад, сипас ҳукми эъдоми ин муттаҳам иҷро шавад".

Пеш аз ин Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ, Додситони кулли Эрон низ гуфта буд, ки ҳукми Бобаки Занҷонӣ эъдом аст ва ӯ "ҳатман" эъдом мешавад.

Бо ин ҳол, Расул Кӯҳпоязода, вакили Бобаки Занҷонӣ гуфтааст, ки баргардонидани амвол метавонад дар ҳукми содиршуда дар нисбати зерҳимояаш тағйирот биоварад. Ба гуфтаи вай, дар ҳукми Бобаки Занҷонӣ, ки дар Додгоҳи олӣ таъйид шудааст, гуфта мешавад, ки дар сурати баргардонидани амвол метавон аз моддаи 114-и муҷозоти исломӣ истифода кард. Ин модда ба афв ишора кардааст.

"Амволи Занҷонӣ дар хориҷ аз байн рафтааст"

Пештар мақомҳо дар ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ аз ҷумла Бежан Зангана, вазири нафти гуфта буданд, ки бо эъдоми Бобаки Занҷонӣ "сандуқи сиёҳ"-и парванда аз байн меравад ва роҳи бозгардонидани пулҳо ба хазинаи давлат баста мешавад. Вазири нафти Эрон ҳамчунин ба ин бовар аст, пулҳое, ки Бобаки Занҷонӣ ба бонки худ дар хориҷ аз кишвар мунтақил кард, "аз байн рафтааст".

Дар ҳамин ҳол, мақомҳои ҳукуматӣ ва додгоҳӣ дар Эрон пеш аз ин эълом карда буданд, ки талошҳо барои бозгардонидани амволи Бобаки Занҷонӣ дар хориҷ аз Эрон натиҷае надоштааст.

Сармояи Занҷонӣ дар Тоҷикистон

Бобак Занҷонӣ аз сармоядорони вобаста ба Ҷумҳурии Исломӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст, гуфта мешавад барои коҳиши таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эрон, бо вазорати нафт барои фурӯши нафт ва интиқлоли пули он ба дохили Эрон ҳамкорӣ мекард ва дар декабри соли 2013 ба иттиҳоми напардохтани қарзҳои худ боздошт шуд.

Қарзҳои Бобаки Занҷонӣ дар назди Вазорати нафти Эрон 2,5 миллиард доллар гуфта мешавад. Рӯзи 6-уми марти соли 2016 додгоҳе дар Теҳрон Бобаки Занҷонӣ ва ду муттаҳами дигарро, ки дар парвандаи нафтӣ муҳокима шуданд, ба эъдом маҳкум кард.

Гуфта мешавад, ки "Конт Бонк" дар Тоҷикистон ба Бобаки Занҷонӣ тааллуқ дошт.

Бархе мақомоти эронӣ дар гузашта иддао карда буданд, ки ин тоҷири сарватманд аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва ҳамчунин бо афроди пурнуфузи ҳукумати Тоҷикистон робита дорад. Ин мақомот ҳамчунин гуфта буданд, ки Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии Исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст.

Аммо ҷониби Эрон иддао дорад, ки ин 2,5 миллиард доллари интиқолдодаи ӯ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Мақомоти Тоҷикистон борыо гуфтанд, ки Бобаки Занҷонӣ ҳамаи дороиҳояш дар Тоҷикистонро ба як сармоягузорӣ турк фурӯхтааст.

Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешаванд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯ ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.