Масъулони ширкати "Тоҷикфилм" гуфтанд, ки намоиши филм дар бораи зиндагиномаи гурӯҳи мусиқии "Queen" дар толорҳои синамои кишвар манъ нашудааст.
Мақомоти "Тоҷикфилм" ба оҷонсии "Интерфакс" гуфтанд, барои намоиши филм то ҳол дархосте ворид нашудааст. Толиб Раҳматуллоев, муовини раиси ширкати "Тоҷикфилм" ба ин оҷонсӣ гуфтааст, хабарҳои матбуотӣ, ки гӯиё "Bohemian Rhapsody" ба хотири саҳнаҳои ғайриахлоқиаш лағв шудааст, ҳақиқат надорад.
Раҳматуллоев мегӯяд, воқеан ҳам дар назди "Тоҷикфилм" як шӯрои машваратӣ амал мекунад ва филмҳоеро, ки аз берун ворид мешаванд, "мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ, менталитети миллӣ ва сиёсати давлат арзёбӣ мекунад".
Филми "Bohemian Rhapsody", ки аз номи як таронаи маъруфи гурӯҳи "Queen" гирифта шудааст, дар бораи зиндагиномаи овозхони эрониасли ин гурӯҳ Фреди Меркурӣ қисса мекунад.
Бархе тамошобинони тоҷики ин филм дар хориҷа мегӯянд, ки филм дар бораи зиндагии маҳрамонаи ин овозхон, ки аз бемории СПИД даргузаштааст, бепарда қисса мекунад ва бардошти зиддунақизе дар бораи шахсият ва зиндагии ӯ ҳосил мешавад.
Бархе ҳам ба ин филм аз назари ҳунари филмсозӣ баҳои манфӣ додаанд.