Хобгоҳе дар Маскав ба муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбекистон ҷой намедиҳад

Ҳостел ё меҳмонсарои шабеҳи хобгоҳ бо номи "2Hostel2" дар шаҳри Маскави Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон ҷойи хоб намедиҳад. Маъмури меҳмонсаро гуфт, "нозири минтақавӣ дар ин бора дастури шифоҳӣ додааст".

Хабарнигори нашрияи интернетии "Ридус" бо баргузории санҷише хост, се муҳоҷири тахайюлиро аз Узбекистон дар ин хобгоҳ ҷо кунад. Аммо намояндаи меҳмонхона ба маҳзи шунидани он ки меҳмонон шаҳрвандони Узбекистонанд, аз пазириши онҳо сарпечӣ намуд.

"Зеро онҳо бояд сабти ном шаванд. Ҳатто агар барои як шабонарӯз ҳам меҳмон шаванд, бояд онҳоро ба қайд гирем. Онҳо ҳатто чаҳор рӯз ҳам меҳмон шаванд, муҳлати қайдашон мегузарад. Мо ба хадамоти муҳоҷират гузориш медиҳем, ки меҳмон хориҷ шуд. Ин барои онҳо мушкил эҷод мекунад. Қайди ҷои зисте, ки онҳо мегиранд, бекор мешавад. Онҳо бояд баъди берун шудан аз меҳмонсаро аз сари нав худро сабт кунанд", - шарҳ дод маъмурияти меҳмонсаро рӯзи 12-уми декабр дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ.

Корманди "2Hostel2" баъдтар илова кард, ки ҷо додани тоҷикону узбекон барояш "дарди сар аст".

"Аз моҳи январ ба ин тараф нозири минтақаӣ мегардаду ҳушдор медиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистонро ҷой надиҳем. Онҳо беҳтар аст, дар Подмосква ҷойгир шаванд. Дар Подмосква муносибат бо онҳо беҳтар аст", - гуфт маъмури меҳмонсаро.

Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандони кишварҳои дигар амсоли Украина, Молдова, Арманистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон, ки низ дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ ҳастанд, дар пайдо кардани хобгоҳ мушкилӣ надоранд.

Дар сомонаи интернетии меҳмонсарои "2Hostel2", ки дар хиёбони Нахимови Москва ҷойгир аст, то кунун эълони "Меҳмонсаро ба шаҳрвандони Узбекистону Тоҷикистон ҷой намедиҳад" овезон аст.