Тафтиши парвандаи додситони кулли пешини Узбекистон Рашид Қодиров ва 24 нафаре, ки дар доираи парвандаи ӯ боздошт шуданд, ибтидои моҳи равон ба поён расид. Ҳамаи ин афрод ба “тамаъҷӯӣ”, “сӯистифода аз мақом “ ва “гирифтани пора” айбдор мешаванд
Ба маълумоти Додситонии кулли Узбекистон, аз 24 нафаре, ки дар доираи "парвандаи Қодиров" боздошт шуданд, бештарашон кормандони пешини мақомоти додситонӣ буданд. Ба гуфтаи вакили дифои яке аз гумонбарон, ба ӯ то 25 декабр муҳлат додаанд, ки бо айбнома шинос шавад.
Рашид Қодирови 66-сола тайи 15 соли ахир додситони кулли Узбекистон буд ва моҳи апрели соли 2015 аз мақом барканор шуд. Қодировро 22 феврали соли равон бо як идда иттиҳом дар шаҳри Тошканд боздошт карданд. Бино ба хабарҳо, дар давоми даҳ моҳи ҳабси ӯ раҳбарони гуруҳи тафтишотӣ борҳо иваз шуданд.
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 19 майи соли равон дар ҷараёни сафараш ба ноҳияи Улуғнор гуфт, ки дар давоми ду - се моҳи оянда додситони кулли пешин ба воситаи телевизион тавба хоҳад кард.
Мирзиёев додситони пешинро ба паҳн кардани фасод айбдор кард."Дузди воқеӣ буд. Бинобар ин, аз мақомоти додситонӣ 70%-и кормандон барканор шуданд. Шахси бовиҷдонеро ба ҷои ӯ таъйин кардам. Агар касе хиёнат кард, аз пушти ӯ хоҳад рафт”, - изҳор дошт Мирзиёев.
Вазорати умури дохилии Узбекистон 5 марти соли равон писари 39-солаи Қодиров – Алишерро низ бо ҷурми қаллобӣ ва тамаъҷӯӣ таҳти пайгард қарор дод. Бар зидди падару писар ба маблағи ниммиллиард доллар даъво ва шикоят шудааст.