Чин ба беш аз ду ҳазор қазоқтабор барои бозгашт ба Қазоқистон иҷозат дод. Дар ин бора Айбек Смадиёров, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон рӯзи 10 декабр хабар дод.
Онҳо қазоқтаборҳое ҳастанд, ки душаҳрвандӣ доранд.
"Ҷониби Чин бо ҳадафи эҳсонкорӣ ба бештар аз ду ҳазор қазоқтабор иҷозаи хуруҷро додааст. Инҳо боздоштшудаҳо нестанд, балки касоне ҳастанд, ки наметавонистанд аз Чин хориҷ шаванд", - гуфт намояндаи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.
Дар бораи фишор ба ақалиятҳои қавмӣ дар Чин, аз ҷумла ба қазоқтаборон, аз моҳи апрели соли 2017 ба ин тараф хабар мерасад. Қазоқтаборҳое, ки аз Чин ба Қазоқистон кӯчидаанд, борҳо аз Остона дархост карданд, ки барои раҳоии пайвандонашон аз Чин, кумак расонад.
Дар бораи нигаҳдории ақалиятҳои миллӣ дар "урдугоҳҳои таълимӣ" -и Чин созмонҳои байналмилалӣ ва расонаҳои ҷаҳонӣ борҳо гузориш доданд. Мақомоти Чин вуҷуди чунин урдугоҳҳо дар вилояти Шинҷонро тасдиқ карданд.