Масъулони Ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри Волгоград мегӯянд, шахсияти шаҳрванди Тоҷикистон, ки се рӯз пеш дар ноҳияи Ленини вилояти Волгоград сарашро бурида, дар бухорӣ партофтанд, маълум шуд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, "ӯ Саидҷон Холёрови 51-сола аз ноҳияи Шаҳринав аст".
Саидаҳмад Маҳмадов – раиси Ҷамъияти тоҷикон дар Волгоград – гуфт, талош доранд, тавассути мақомоти интизомии кишвар наздикони муҳоҷири кушташударо пайдо кунанд. "Бояд бо онҳо маслиҳат кард, ки ҷасадро ба ватан интиқол диҳем ва ё дар ҳамин ҷо дафн кунем", - афзуд ӯ.
Мақомоти Тоҷикистон ҳам мегӯянд, омӯзиши ҳодисаи қатли ин муҳоҷири тоҷик дар вилояти Волгогради Русия оғоз шудааст. Ҳодисаи буридани сари муҳоҷири тоҷик дар Волгоград рӯзи 4-уми декабр рух дод. Дар ин ҳодиса як шаҳрванди Узбекистон гумонбар мешавад. Ному насаби ӯ эълон нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки 36 сол дорад.
Раиси Ҷамъияти тоҷикон дар Волгоград мегӯяд, Саидҷон Холёров ба нигоҳубини чорвои калон машғул буд ва 15 рӯз пеш барои кор ба як фермаи ноҳияи Ленин омадааст. "Ҳама санадҳояш аз рӯи қонуни Русия дуруст будааст. Ӯ 7 моҳ дар дигар минтақа чӯпонӣ мекард. Вақте мардуми онҷо дигар чорвояшонро ба чаро надоданд, рӯзи 20-уми ноябр барои кор ба фермаи ноҳияи Ленин омадааст. Ҳамагӣ ду ҳафта дар инҷо кор кардааст”, - гуфт Маҳмадов.
Ба гуфтаи Маҳмадов, гумонбар шаҳрвандии Русияро дошта, аз тарафи мақомоти корҳои дохилии шаҳри Волгоград дастгир шудааст. Кумитаи тафтишотӣ дар Волгорад рӯзи 6-уми декабр гуфт, ки ӯ пурра ба гуноҳаш иқрор кард. Аз ин пеш Евгений Вистропов, масъули Кумитаи тафтишотии вилояти Волгогради Русия ба расонаҳо гуфта буд, ки "вазъи равонии вай солим арзёбӣ намешавад".
Маҳмадов мегӯяд, ҳодиса аз онҷо шуруъ шуд, ки шаби 3-юми декабр муҳоҷири тоҷик бо ҳамтои ӯзбекаш баҳс карданд. “Субҳи 4-уми декабр баҳси онҳо давом мекунад ва гумонбар аввал Саидҷон Холёровро бо корд ба ҳалокат расонда, сипас сарашро мебурад ва ба дохили бухорӣ партофтааст. Ҷасадашро дар зери коҳ пинҳон кардааст. Аз ин воқеа ба як ҳамкори русаш гуфтааст. Бегоҳи рӯзи 4-уми декабр мақомот гумонбарро боздошт карданд", - изҳор дошт ӯ.
Холёров бори ахир як ҳафта пеш бо писараш, ки ӯ ҳам муҳоҷир аст, вохӯрда, пулҳояшро ба ӯ додааст.