Ходимони полиси шаҳри Ню-Йорк ҷуфти ошиқонеро пайдо карданд, ки рӯзи ҷумъа, 30 ноябр дар майдони маъруфи Таймс Сквер бо нияти барпо кардани оила аҳд бастанд. Ҷустуҷӯи ошиқон баъди он шурӯъ шуд, ки дар лаҳзаҳои бисёр ҳассоси арзи муҳаббату дилбастагии ҷавонон, ангуштарии маросими фотеҳа ба қубури обгузар афтод. Расми аврупоиҳову амрикоиҳо ин аст, ки дар маросими фотеҳа домоди оянда ба номзадаш ангуштарӣ тақдим мекунад.
Рӯзи якшанбе полиси Ню-Йорк дар саҳифааш дар шабакаи “Твиттер” навишт, ки ходимони онҳо низ ба ҷустуҷӯи ангуштарии маросими фотеҳаи ин ҷуфти бритониёӣ ҳамроҳ шуданд.
Таваҷҷӯҳи полис ба ин ҷуфти ошиқон аз он ҷо кашида шуд, ки ду нафар талош доштанд дар қубури обгузари майдони серодами Таймс Сквер ангуштарии афтодаро пайдо кунанд. Ҳодиса шаби 30 ноябр рух дод ва саҳнаи талошҳои берун овардани ангуштарӣ аз дохили қубур дар камераҳои хиёбонӣ сабт шуд. Вале дар видео саҳнаи пешниҳоди ангуштарӣ ва ҳам арзи муҳаббат кардани ҷавон дида намешавад ва танҳо ҳолати дар зону нишастани ӯ сабт шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Арӯси оянда ба полис гуфт, ки пешниҳоди номзадашро қабул кард ва баъди ба ангушташ андохтани ангуштарӣ дар ғояти эҳсосот рӯяшро бо дастон панаҳ кард. Вале дар ҳамин лаҳза ангуштарӣ аз дасти духтар раҳо шуду ба қубури обгузар афтод. Полис дар видео дидааст, ки Даниэла низ дар канори ҷавон ба зону зада талош мекунад ба ӯ кӯмак кунад, вале талошҳояш натиҷа намедиҳад. Баъдан мард дар рӯи замин мехобад ва талош мекунад, ки дасташро дохили панҷараи рӯи қубури обгузар андохта ангуштариро берун кашад, вале бенатиҷа.
Полис гуфт, ки баъди ин ҳодиса ҳамчунин дар талоши пайдо кардани ҷуфти ошиқон шуд. Билохира, рӯзи якшанбе дар хабари полис гуфта шуд, ки ангуштарии нопадидшуда пайдо шуд ва акнун ба соҳибонаш баргардонида мешавад.
Чанд соат баъди ин ҳодиса Ҷону Даниэла аз шаҳраки Питерборои шаҳристони Кембриҷшири Бритониё аз худ хабар доданд.
Ҷону Даниэла давоми даҳ соли охир бо ҳам буданд ва дар ҷараёни боздиди ахир аз Ню-Йорк ҷавон тасмим гирифт, ки ниҳоят ба дӯстдухтараш пешниҳоди барпо кардани оила мекунад. Ангуштарии тиллои ороёфта бо сангҳои қиматбаҳо давоми ду рӯз дар кисаи Ҷон буд ва ниҳоят вақте ӯ хост дар як муҳити зебо ва хотирмон ба Даниэла пешниҳоди арӯсӣ кунад, ангуштарӣ ба замин ва аз он ҷо ба қубур афтод.
Баъди он ки ангуштарӣ бо кӯмаи полис пайдо ва ба ҷуфти ошиқон хабар дода шуд, дар як паёми интернетӣ ошиқон аз ходимони ҳифзи қонун ва ҳамаи нафароне, ки баъди ин моҷаро барояшон кӯмак карданд, изҳори сипос намуданд.