Ҳалокати даҳҳо нафар дар ҷанги байниҳамдигарии Толибон

Толибон дар ноҳияи Шиндонди Ҳирот. Акс аз моҳи майли соли 2016

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар натиҷаи ҷанги ду ҷиноҳи рақиби Толибон дар вилояти Ҳирот даҳҳо нафар аз ҳар ду тараф кушта шудаанд. Ҷилонӣ Фарҳод, сухангӯи ҳукумати вилоят гуфт, ҷанг байни онҳо рӯзи 30-уми ноябр дар ноҳияи Шиндонд сурат гирифтааст ва дар натиҷа 28 ҷангҷӯ кушта шудаанд ва 25 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳикматулло Ҳикмат, раиси ноҳияи гуфт, ҷангҷӯёни вафодор ба Мулло Ҳайбатулло Охундзода ба зидди тундравоне бархостаанд, ки ба фармондеҳи собиқи гурӯҳ Мулло Расул содиқ ҳастанд. Мулло Расул, як ҷиноҳи ҷудоиталаб аз Толибонро раҳбарӣ мекунад.

Тарафдорони ӯ аз соли 2015 ба ин тараф борҳо бо аъзои гурӯҳи Толибон дар вилоятҳои ҷанубӣ ва ғарбии Афғонистон ҷангу муноқиша кардаанд. Толибон мегӯянд, ки Мулло Расул аз мақомоти махсуси Афғонистон кӯмаку аслиҳа мегирад, то дар байни Толибон ҷудоӣ андозад. Мақомоти Афғонистон ин иддаоро рад мекунанд.