Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 30-юми ноябр аз маҳалли сохтмони масҷиди бузург дар пойтахт дидан кардааст. Ин масҷид, ки дар маркази Душанбе бунёд мешавад, аз 4 манораи баландиаш 75-метрӣ ва як гунбази 47-метрӣ иборат аст.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти президент, Эмомалӣ Рамон хостааст, ки корҳои ороишию кандакорӣ ва чӯбтарошӣ “мувофиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ва риояи санъати меъморию сохтмонии мардуми тоҷик” анҷом дода шавад.
Ӯ гуфтааст, “иншоот бояд барои мардуми тоҷик ва нафароне, ки ба диёри мо ташриф меоваранд, садсолаҳо хизмат расонад.”
Масҷиди бузург дар Душанбе дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, барои намозгузории ҳамзамони аз 113 ҳазор то 150 000 нафар пешбинӣ шудааст. Дар гузашта мақомот гуфта буданд, ки сармоягузори аслии тарҳ Қатар аст, ки танҳо барои сохтмони бино 70 миллион доллар ҷудо кардааст. Тоҷикистон ҳам гуфта буд, барои бунёди ин масҷид 30 миллион доллар медиҳад.
Мақомот то ба ҳол дар бораи дахлу харҷи сохтмони масҷид иттилои расмӣ надодаанд.
Дар Тоҷикистон шумораи иттиҳодияиҳои динӣ бо шумули масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъву ҷомеи марказӣ ба 4 ҳазор мерасад. Аммо созмону кишварҳои хориҷӣ борҳо мақомоти Тоҷикистонро барои нақзи ҳуқуқи диндорон, бахусус пайравони Ислом, танқид кардаанд.