Аврупо раводиди Шенгенро барои қирғизистониҳо осонтар мекунад

Парчами Иттиҳоди Аврупо

Иттиҳоди Аврупо тасмим дорад, Кодекси раводид ё визаро дар соли 2019 бозбинӣ кунад. Дар ин робита, дарёфти визаи минтақаи Шенген осонтар хоҳад шуд. Дар ин бора намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ Петер Буриан хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Иттиҳоди Аврупо дарёфти визаи минтақаи Шенгенро барои қирғизистониҳое осонтар мекунад, ки нияти сайёҳати Аврупоро доранд.

"Иттиҳоди Аврупо ба муҳоҷирон эҳтиёҷ дорад. Аҳолии мо дар ҳоли пиршавӣ аст, оморҳои демографӣ аз ин шаҳодат медиҳанд. Ва мо ба ҷавонони хуб омодашуда ниёз дорем. Аммо набояд ҳамаи ҷавонони мутахассис ба Аврупо раванду дар Қирғизистон кадр намонад", - гуфт Буриан.

Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо гуфт, имкон дорад, ки дар оянда миёни Қирғизистон ва Аврупо равуои бевиза ба роҳ монда шавад.