Сенаторҳои Амрико рӯзи чоршанбе мавқеи маъмурияти Доналд Трампро дар робита ба Арабистони Саудӣ, баъди куштори журналист Ҷамол Хошуқҷӣ, танқид карданд.
Ҷамол Хошуқҷӣ моҳи гузашта дар консулгарии Саудӣ дар Истамбул кушта шуд ва дар куҷо будани ҷасадаш ҳоло маълум нест.
Рӯзи гузашта дар нишасти Сенат намояндагони аршади маъмурияти президент - вазири умури хориҷӣ Майк Помпео ва раҳбари Пентагон Ҷеймс Мэттис гузориш доданд. Онҳо бар сари муҳим будани шарикии Вашингтон бо Риёз, аз ҷумла дар заминаи суботи Ховари Миёна ва муқовимат ба Эрон, таъкид карданд.
Вазирони ИМА ҳамчунин гуфтанд, ки ҷомеаи истихбороти Амрико дар бораи даст доштани валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон дар барномарезии ин куштор шавоҳиди мустақим надорад.
Суханони вазирон на танҳо сенаторҳои демократ, балки ҷумҳурихоҳонро низ қонеъ накард ва онҳо аз ин ноумед шуданд, ки раҳбари Идораи Марказии Истихборот Ҷина Ҳаспел дар нишаст иштирок накард.
Дар натиҷа, Сенат бо аксари овоз пешнависи қатъномаеро қабул кард, ки дар он аз маъмурияти Кохи Сафед талаб шудааст, дигар ба амалиёти Саудӣ дар Яман кумак накунад.
Арабистони Саудӣ ва шариконаш якҷо бо ҳукумати Яман алайҳи ҳусиҳо, ки Эрон аз онҳо пуштибонӣ дорад, амалиёт пеш мебаранд. Сенаторҳо ба теъдоди бузурги қурбониҳо дар байни аҳолии мулкии Яман, аз ҷумла дар натиҷаи бомбаборонҳо, ишора карданд. Тарҳи ниҳоии санад рӯзҳои наздик тасвиб мешавад.
Президенти ИМА Доналд Трамп пештар ба аҳамияти равобит бо Риёз таъкид кард ва гуфт, ки куштори Ҷамол Хошуқҷӣ наметавонад ба қатъи робитаҳо сабаб шавад.