Дар Гурҷистон даври дувуми интихоботи президентӣ баргузор мешавад

Интихоботи Гурҷистон

Имрӯз дар Гурҷистон даври дувуми интихоботи президентӣ бо ширкати ду номзад баргузор мешавад.

Номзадҳо Саломе Зуробишвилӣ аз ҳизби "Орзуи гурҷӣ" ва Григол Вашадзе аз ҳизби "Нерӯ дар иттиҳод" ҳастанд. Зуробишвилӣ намояндаи ҳизби ҳоким ва Вашадзе намояндаи мухолифон аст. Дар таърихи Гурҷистон бори аввал аст, ки интихобот ба даври дувум меравад. Шаҳрвандон панҷумин президентро барои 6 сол интихоб хоҳанд кард. Ин охирин раъйдиҳӣ аст, ки президент мустақиман интихоб мешавад: дар оянда роҳбари давлатро аъзои порлумон ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ муайян мекунанд.

Дар даври аввали интихобот, ки 28 октябр барпо шуд, ҳеч кадом аз 25 номзад бештар аз 50 дарсад раъй нагирифт. Он замон Зуробишвилӣ 38,6 ва Вашадзе 36,7 овоз гирифтанд ва ба даври дувум рафтанд.

Ба иттилои Комисияи марказии интихоботии Гурҷистон, имрӯз, 28 ноябр дар 3703 қитъа раъйдиҳӣ шуруъ шуд. Ба иттилои мақомот, 3 миллиону 528 ҳазору 658 шаҳрванд дар ин интихобот ҳаққи раъй доранд.

Имрӯз дар Гурҷистон истироҳат эълон шудааст.

1300 нозири байналмилалӣ, наздики 17 ҳазор намояндаи субъектҳои интихоботӣ ва бештар аз 48 ҳазор нозири маҳаллӣ интихоботро назорат мекунанд.

Маросими савганди президентии номзади ғолиб 16 декабр баргузор хоҳад шуд.