Барои ҳар як муштарии бемористони амрози равонӣ дар вилояти Хатлон рӯзе 1,95 сомонӣ ихтисос мешавад, ки ба назари мутахассисони тиб, ниҳоят нокофӣ аст.
Маркази вилоятии равонпизишкии вилояти Хатлон мегӯяд, агар ин маблағ ҳадди аққал ду баробар бештар мешуд, имкони пардохти харҷи маводи зарурии тиббӣ бештар мешуд.
"Маблағ барои муолиҷа кам аст"
Аз миёни 12 ҳазор гирифтори бемории рӯҳӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон дар маркази равонпизишкӣ феълан 68 нафар давраи муолиҷаро пушти сар мекунанд. Давраи табобати аввалия тахминан 15 рӯзро ташкил медиҳад. Саидаҳрор Подавонов, мудири Маркази равонпизишкии вилояти Хатлон рӯзи 27-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шароити беморхона онҳоро ба ташвиш овардааст.
Бархе табибони собиқадор мегӯянд, ки дар миёни мардум фарҳанги муносибати хос нисбати гирифторони бемориҳои рӯҳӣ вуҷуд дорад.
"Охири сол аст. Каме мушкилии молӣ дорем, пули доруямон кам мондааст. Ба беморон се вақт дору медиҳем, либосҳояшонро тоза мекунем. Пуле, ки барои табобат муқаррар шудааст, кам аст, вале илоҷ надорем. Ин маблағҳо аз солҳои пеш муқаррар шудааст. Агар арзиши табобату нигаҳдории беморон рӯзе ақаллан аз се сомонӣ бештар мешуд, беҳтар буд".
Пизишкон мегӯянд, ки агарчи шароити нигоҳдорӣ ва ғизои беморон хуб аст, вале гоҳҳо аз лиҳози таъмини маводи дорувор мушкил эҳсос мешавад. Подавонов гуфт, ки бемороне, ки марҳилаи аввали табобатро пушти сар мекунанд, бояд рӯзона се навбат доруҳои махсус истеъмол кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, мушкили муолиҷа инчунин ба муносибати наздикон ба беморон ҳам рабт мегирад, чун бисёр вақт беморонро на дар марҳилаи аввали беморӣ, балки бо гузашти моҳҳо ба беморхона меоранд. Соли ҷорӣ ба бемористон 755 нафар муроҷиат карданд ва ин шумор 118 нафар бештар назар ба соли гузашта аст.
Подавонов мегӯяд, дар миёни онҳое, ки дучори мушкили равонӣ мешаванд, онҳое ҳастанд, ки дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ, зарбаи сахт гирифтани сар ва сабабҳои дигар дучори беморӣ шудаанд. Инчунин ҳолатҳое кам нест, ки дар пайи мушкили иқтисодию иҷтимоӣ ва стресси зиёд бемор шудаанд. Айни замон, омори вижае дар заминаи ин, ки чӣ теъдоди беморон дар пайи стрессу андӯҳ гирифтори мушкили равонӣ шудаанд, вуҷуд надорад.
"Ҳолати беморонро бархӯрди наздикон вазнинтар мекунад"
Мутахассисони ин марказ мегӯянд, воқеан ҳам афзоиши шумори беморон ба мушкилоти иҷтимоӣ ва равонии хонаводаҳо вобаста аст, ки то рафт зиндагӣ сангин мешавад. Ҳолати беморонро, ба гуфтаи Подавонов, бархӯрди номуносиби хешовандон ҳам сангинтар мекунад. Бархе беморон, ба гуфтаи ӯ, баробари супурда шуданашон ба муассисаи тиббӣ, фаромӯш мешаванд ва бархе солҳо азизонашонро намебинанд. Дар ҳоле, ки тамос бо наздикон, муҳаббат ва ғамхории хешовандон метавонад дар муолиҷаи гирифторони мушкилоти равонӣ давои маънавӣ шавад.
Саидаҳрор Подавонов гуфт, "гоҳҳо моҳҳо ва солҳо беморонро хабар намегиранд. Телефонҳояшонро хомӯш карда намеояд, то бубинад, ки касалашон чӣ ҳол дорад. Мо онҳоро хуб нигоҳ медорем. Бархе тамоман ба хонаҳояшон рафта наметавонанд, бархе воқеан ҳам ҷое барои баргашт надоранд. Хешовандон метарсанд, ки онҳо ба касе зиён мерасонанд".
Пизишкон мегӯянд, барои онҳое, ки тоза гирифтори беморӣ шудаанд, тарки наздикон зарбаи сахти иловагӣ мешавад ва рӯҳафтодагии онҳоро амиқтар мекунад, дар ҳоле, ки терапияи инсонӣ метавонад бахусус дар марҳилаи аввал аз амиқрафти мушкил пешгирӣ кунад.
Хуршедабону Ҳафизоваи 30-сола аз водии Вахш барои хоҳари бузургаш ғам мехӯрад. Зани ҳоло 50-сола баъди 12 соли пеш аз ҳамсараш ҷудо шудан дар ба дари бародару хоҳарон шуд. Мушкили ӯро сари вақт ташхис накарданд. Танҳо се сол пеш бо нигаронӣ аз хотирпарешонӣ ва гиряҳои бардавомаш эҳсос карданд, ки ба ташхиси духтур ниёз дорад. Табибони бемориҳои асаб дар ин зан нишонаҳои стресс ва афсурдахотириро мушоҳида карда, бистарӣ шудан дар беморхонаи бемориҳои равониро тавсия доданд.
Хуршедабону мегӯяд, ҳукми табибон барои ҳама мисли фоҷеа қабул шуд. Касе инро интизор надошт. Шубҳа карданд, чун, ба гуфтаи Хуршедабону, дар оилаву миёни гузаштагонашон касе мушкили равонӣ надошт. Вале ҳама наздикон мушоҳида мекарданд, ки бахусус баҳору тирамоҳ бемориаш авҷ мегирифт, назоратро аз даст медод ва наздикон ҳам дар ташвиш мешуданд. Марҳилаи аввали табобат - ҳудуди 20 рӯз ҳолаташрор беҳтар кард.
Ӯ гуфт: "Барои табобаташ дар бемористон пули дору намедиҳем, вале мо барои хабаргирияш меравем ва роҳкиро сарф мекунем, ҳоло хуб аст. Ин тирамоҳ бемориаш авҷ гирифта буд, боз дар ташвиш шудем".
"Гоҳе мисли кӯдак мешавад"
Ба гуфтаи ин хоҳар, баъди як муддат табобат дубора ба хона меоранд ва эҳтимол баҳорон бори дигар ба бемористон мебаранд. Хуршедабону мегӯяд, дар хона ҳама талош мекунад бо хоҳарбузургаш муносибати хуб дошта бошад, ботаҳаммул муносибат мекунанд, вале дар вақти авҷи маризиаш хулқу хӯяш дигар ва то андозае хатарнок мешавад.
"Гоҳо хеле нозук, мисли кӯдак мешавад. Агар ҷанг кунем, ки "доруро хӯред", хафа мешавад. Гоҳо худам ҷанг мекунам, ки доруяшро хӯрад. Гиря кунад, ҷангаш мекунам, вале ин ба хотири саломатии апаам аст. Намешавад, ки онҳоро озод монду ҷанг накунем, ҷангашон мекунад, ки ин корро накун ва ором бошу касеро ташвиш надиҳед. Аммо дар табобат ба онҳо кӯмак мерасонем, доруҳояшонро мехарем."
Фарҳанги вижаи муносибат бо беморони рӯҳӣ
Бархе табибони собиқадор мегӯянд, дар миёни мардум фарҳанги муносибати хос нисбати гирифторони бемориҳои рӯҳӣ вуҷуд дорад. Аксарият, ва бештар калонсолон, талош мекунанд ботаҳаммул ва бо дарки вазъи бемор бо ӯ эҳтиёткорона ва мисли кӯдак муносибат кунанд, талош мекунанд тарбия ҳам кунанд. Вале ҳолатҳое кам нест, ки беморонро таҳқиру масхара мекунанд, латукӯб мекунанд ваё барои анҷоми корҳое маҷбур мекунанд, ки берун аз одоб аст.
Пизишкон як омили ин бемориро стрессу афсурдахотирӣ ва мушкили зиёд дар хона медонанд.
Сафиаллоҳ Қурбонов, як сокини вилояти Хатлон мегӯяд, гоҳҳо ҳолате ҳаст, ки ба беморони равонӣ аз ҷониби хонавода фишор меорад, муносибати хубе ба онҳо дошта бошанд. Ҳолатеро мушоҳида кардам, ки гоҳҳо аъзои хонавода ба беморон муносибати хубе надорад. Гоҳҳо онҳоро девона мегӯяд, ки ба саломатияшон таъсир мекунад."
Маҳмадкарим, як сокини шаҳри Бохтар ҳамеша дар фикри холаи 40-солааш аст. Ин зани гирифтори мушкили равонӣ гоҳшо хонаро бехабар тарк мекунад ва хешовандонро дар ташвиш мегузорад. Баҳори имсол баъди нопадид шуданаш аз хона ӯро дар шаҳри Душанбе пайдо ва ба хона баргардониданд.
Стрессу афсурдахотирӣ -- аз сабабҳои бемории рӯҳӣ
Пизишкон мегӯянд, бисёре аз хонаводаҳо дарди беморро огоҳона кӯҳна мекунанд ва бар ивази муроҷиат ба духтури касбӣ, ба назди муллову рӯҳониён мебаранд, то аз роҳҳои табобати мардумӣ гӯё ба азизонашон кӯмак кунанд. Дар чунин ҳолат вазъи сиҳҳатии беморон гоҳҳо боз ҳам сангинтар мешавад.
Мақомот дар ноҳияи Вахш баъди ҳодиса худкушии як хонандаи синфи 8-уми мактаби 45 дар моҳи ноябр гуфтанд, ки ин наврас дучори бемории равонӣ буд. Наздикон ӯро сари вақт ба духтур набурданд. Мисолҳои дигаре ҳам ҳаст, ки худи бемор ба шахси хатарнок табдил шуда таҳдид ба ҷони наздикон мекунад.
Пизишкони вилояти Хатлон дар панҷ моҳи соли ҷорӣ гуфта буданд, ки 20 муҳоҷири ихроҷшудаи тоҷикро аз Русия ҳамчун "бемори равонӣ" сабт кардаанд. Табибон гуфтанд, ки ин афрод пас аз "депортатсия" ва бекории тӯлонӣ дар кишвар, ба фишори сахти равонӣ ва афсурдагӣ печиданд.
Пизишкон як омили ин бемориро стрессу афсурдахотирӣ ва мушкили зиёд дар хона медонанд, ки ба ҳолати равонияшон таъсир мекунад ва гирифтори бемории равонӣ мекунад.