Узбекистон узви 173-уми Созмони ҷаҳонии муҳоҷират (СБМ) шуд. Созмон дар ҷаласаи рӯзи 27 ноябр дар Женева дархости Узбекистонро барои узвият пазируфт. Дар ин бора маркази матбуотии СБМ иттилоъ дод.
"Бо изҳори хушнудии амиқ ман Узбекистонро ба узвияти СБМ хайрамақдам мегӯям. Кишвари шумо яке аз роҳҳои қадимӣ ва муваффақонаи тиҷорати ҷаҳонӣ бархурдор аст, ки аз қадимулайём муҳоҷирон аз он убур мекарданд", - гуфт мудири кулли созмон Антонио Виторино.
Дар ҷаласаи охири шӯрои СБМ Узбекистонро муовини вазири шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои меҳнатии ин кишвар Баҳодир Низомов намояндагӣ кард.
Узбекистон - яке аз кишварҳои пурнуфуси Осиёи Марказӣ аст, ки бештар аз давлатҳои минтақа муҳоҷири корӣ дорад, охирин кишвари Осиёи Марказӣ буд, ки узви СБМ шуд.
СБМ бар ин бовар аст, ки рушди иқтисоди Узбекистон дар оянда роҳро барои корёбии муҳоҷирони давлатҳои дигар дар он боз хоҳад кард.