Ҷорҷ Сорос, миллиардери саховатпешаи амрикоӣ, кори созмонаш дар Тоҷикистонро тарғиб карда ва дар ҷавоб ҳам таҳсин ва ҳам танқид шунидааст.
Ӯ рӯзи 25-уми ноябр дар як паёми кӯтоҳе дар Твиттер навиштааст, “фаъолияти “Ҷомеи Боз” дар Тоҷикистон, аз таҳсили инклюзивӣ барои афроди маълул сар карда то кумак дар рушди иқтисодии Тоҷикистонро фаро мегирад.”
Баъзе аз корбарони Твиттер дар шарҳи навиштаи Ҷорҷ Сорос ба ӯ таҳсин гуфтаанд, ки ба афроди муҳтоҷ ва Тоҷикистон кумак кардааст. Яке аз онҳо, аз ҷумла навиштааст, ки ба кори хайраш идома диҳад.
Айни замон гуруҳи дигаре Ҷорҷ Соросро ба он муттаҳам кардаанд, ки кумакҳояш беғараз нест.
“Ҷомеаи Боз” - Бунёди Сорос аз 1997, баъди шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард. Бунёд барои иҷрои барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, мусоидат ба демократия ва ҳуқуқи инсон то соли 2017 бештар аз 57 миллион доллар харҷ кардааст.
Бунёди ӯ дар кишварҳои зиёди ҷаҳон барномаҳои хайрия ва ҳамчунин тарҳҳои мусоидат ба рушди демократия ва риояти ҳуқуқи инсонро амалӣ мекунад.
Ҷорҷ Сорос 13 сол пеш бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк мулоқот кардааст.