Бомбгузорӣ дар намози ҷумъа кори дасти ДИИШ будааст

Ҳамла дар ҳамин маҳал сурат гирифт.

Гуруҳи ифротгарои ба ном Давлати исломӣ масъулияти бомбгузории маргбор дар як намози ҷумъа дар Афғонистонро бар дӯш гирифт. Як маргталаб рӯзи ҷумъа худро дар масҷиде дар дохили пойгоҳи низомие дар вилояти Хӯст тарконд ва 26 нафарро кушт.

Дар ҳамла 50 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Вебсайти Аъмоқ, як минбари таблиғотии Давлат исломӣ рӯзи 24-уми ноябр навишт, ки бомбгузори маргталаб ва узви гуруҳ баъди вуруд ба пойгоҳи низомӣ худро тарконда 50 сарбозро кушта ва 110 тани дигарро захмӣ кардааст.

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, ҳамларо ғайриисломӣ ва ғайриинсонӣ номид ва хост, чӣ гуна роҳ ёфтани бомбгузор ба дохили пойгоҳ таҳқиқ шавад ва гунаҳкорон ҷазо бигиранд.