Қарор аст, Муҳаммад Таршаҳанӣ, сафири Ташкилоти Худгардони Фаластин дар Тоҷикистон рӯзи 26-уми ноябр бо сафари серӯзае ба Душанбе биёяд. Дар ин бора вазорати умури хориҷӣ бо нашри як баёнияи расмӣ хабар дод ва гуфт, ки сафар то 29-уми ноябр идома мекунад.
Қароргоҳи сафир дар шаҳри Тошканд воқеъ аст. Тоҷикистон бо Ташкилоти Худгардони Фаластин ҳамкориҳои зиёд надорад. Муносибатҳои ду тараф 6 марти соли 1992 барқарор шуданд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ”Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори муборизаи озодихоҳии мардуми Фаластин буд ва мебошад” ва “байни сарони ду давлат мукотиба ва мубодилаи мунтазами паёмҳои табрикӣ вуҷуд дорад.”