Шоми 22 ноябр дар Брюссел дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳо равобити дуҷонибаи Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Дар ин мулоқот Аврупоро Карин Кнейссл, вазири хориҷаи Австрия, раҳбари давраии шӯрои Иттиҳодияи Аврупо ва аз ҷониби Тоҷикистон вазири хориҷа Сироҷиддин Мӯҳриддин намояндагӣ мекунанд.
Дар ҷараёни ин мулоқот иҷрои созишномаи қаблии ҳамкориҳои миёни ду ҷониб, ки 15 маи соли 2017 имзо шудааст, баррасӣ мешавад.
Қарор аст дар мулоқоти имрӯза таҳаввулоти сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла, масоили марбут ба риояи қонун, ҳуқуқи башар ва озодиҳои бунёдӣ матраҳ шавад. Илова ба ин, Шӯрои ҳамкориҳо вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон, масоили иқтисодиву иҷтимоӣ, мубориза бо коррупсия ва дигар масоилро баррасӣ хоҳад кард.
Мақомоти аврупоӣ мегӯянд, дар наздиктарин фурсат кор бар сари стратегияи нави Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ шурӯъ хоҳад шуд ва баҳори соли 2019 аз ҷониби ҳама кишварҳои узв тасдиқ мешавад.
Рӯзи 21 ноябр сафири Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Аврупо Эркин Раҳматуллозода ҳам гуфт, ки Тоҷикистон аз стратегия нави Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ интизороти зиёд дорад. Ин стратегияи сеюми ИА мешавад, ки солҳои 2020 то 2026-ро дар бар мегирад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад