Амрико гуфт, ки музокирот бо Толбион то ҳол натиҷа надодаст

Залмай Халилзод

Фиристодаи вежаи ИМА дар умури Афғонистон рӯзи душанбе гуфт, ки то ҳол натавонист бо гурӯҳи тундрави Толибон дар бораи замон ва шарти хатми ҷанг созиш ба созиш бирасад. Залмай Халилзод талош кард Толибонро ба қатъи даргириҳо то моҳи апрели соли 2019 мутақоид кунад. Ин метавонист роҳро барои хуруҷи пурраи неруҳои Амрико аз Афғонистон боз намояд. Навиштааст хабаргузории Reuters рӯзи 19 ноябр.

Музокироти ИМА бо Толбион аз рӯзи ҷумъа то якшанбе дар Қатар ҷараён гирифт. Ҳадафи музокирот созиш барои қатъи даргириҳо то 20 апрели соли 2019 номбар мешуд, то Афғонистон тавонад интихоботи президентӣ баргузор кунад. Ба гуфтаи Халилзод, Толибон эътироф карданд, ки наметавонанд бо роҳи низомӣ бар неруҳои ИМА прирӯз шаванд. Намояндагони Толибон баъдан ин изҳоротро рад карданд.

Ба гуфтаи генерали амрикоӣ Ҷозеф Данфорд, ки хабаргузорӣ аз ӯ иқтибос кардаст, Толбибон феълан ҷангро дар Афғонистон "бой надодаанд". Агар то соли 2015, то се соли пеш, 72 дар сади кишвар таҳти назорати ҳукумат қарор дошт, феълан ин рақам то 58 дар сад поён рафтааст,- омадааст дар гузориши ҳукумати Амрико аз октябри соли 2018.

Амалиёти низомии кишварҳои узви НАТО алайҳи ҷумбиши Толибон ва шарикони он дар Афғонистон аз соли 2001 ба ин сӯ ҷараён дорад. Рӯзи 9 ноябр намояндагони ҷумбиши дар Русия мамнӯи Толибон бори аввал дар сатҳи расмӣ бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров мулоқот карданд.