Автобуси шаҳрвандони Қазоқистон ва Узбекистон дар Русия ба қатор бархурд

Дар вилояти Саратови Русия автобуси мусофирбари ҳомили шаҳрвандони Узбекистону Қазоқистон бо қатор бархӯрд. Дар ин бора расонаҳои Қазоқистон хабар медиҳанд.

Мақомоти вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар доданд, ки дар ин садама чанд тан зинда мондаанд. Ронанда ва ёвари ӯ шаҳрвандони Қазоқистонанд, ки ҳар ду ҳам дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба иттилои расонаҳо, панҷ тан аз шаҳрвандони Ӯзбекистон дар ин садама кушта шудаанд.

Садама 17 ноябр дар ноҳияи Озини вилояти Саратов рух дод.