Чархаи аввали нирӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон ба кор даромад. Дар маросими ифтитоҳи он меҳмонони зиёди дохилӣ ва хориҷӣ, хабарнигорон ва мақомоти олии Тоҷикистон иштирок карданд.
"Ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ наздик шудем"
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 16-уми ноябр нирӯгоҳи Роғунро "омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва зиндагии осудаии мардум" донист. Ӯ гуфт, ки бо фаъол кардани чархаи нахустини нирӯгоҳи Роғун, Тоҷикистон ба иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегиаш наздик шудааст.
Сокинон чӣ мегӯянд:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Нирӯгоҳ ба шабакаи ягонаи энергетикии Тоҷикистон пайваст гардид ва барқи Роғун ба хонадони ҳар як сокини кишвар расид. Тибқи нақша агрегати дувуми нирӯгоҳ соли 2019 ба кор андохта мешавад... Ба ҳамаи онҳое, ки даъвати моро пазируфта, саҳмияҳро хариданд ва дар оғози сохтмони нирӯгоҳ саҳм гузоштанд, миннатдорӣ баён мекунам", - афзуд президент Раҳмон.
"Марҳилаи муҳими таърихӣ"
Яке аз меҳмонони даъватшуда дар маросими ба кор андохтани агрегати аввали Роғун - Сирил Мюллер, муовини президенти Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ буд. Ӯ ифтитоҳи аввалин чархаи нирӯгоҳи Роғунро "марҳилаи муҳими таърихӣ барои бахши энергетикаи Тоҷикистон" номид. Ӯ гуфт, ин нирӯгоҳ метавонад сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистонро боло барад.
"Роғун метавонад манбаи нерӯи барқи ниҳоят зарурии арзон, барқароршаванда ва боэътимод барои мардуми Тоҷикистон гардад. Инчунин он метавонад сарчашмаи аввалиндараҷаи содироти нерӯи барқ шуда, барои дигар сармоягузориҳои калидӣ ҷиҳати мусоидат ба таҳаввули иқтисоди Тоҷикистон ва фароҳам овардани замина барои ояндаи шукуфон, сарчашмаи муҳими даромад бошад", - таъкид кард ӯ.
Лаҳзаи фаъол кардани чархаи аввали Роғун:
Муҳимтарин маълумот дар бораи Роғун
Нирӯгоҳи Роғун аз 6 чарха иборат аст ва дар сурати такмили он солона то 17 миллиард киловатт-соат барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, на танҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои манотиқи Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд. Сарбанди обанбори Роғун бо 335 метр баландтарин дарғоти ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Қарор аст, чархаи дувуми Роғун моҳи апрели соли 2019 ба гардиш ояд.
Лоиҳаи нирӯгоҳи Роғун ҳануз аз замони Шӯравӣ таҳия ва корҳои сохтмонӣ дар он вақт оғоз шуда буд. Аммо ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонист, онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шурӯъ кард.
Таърихчаи сохтмон
Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 1-уми июли соли 2016 бо ширкати итолиёвии "Салини Импреҷило" (Salini Impregilo SpA) созишнома имзо кард. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, маблағи умумии ин созишнома 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Танҳо маблағи сохтмони садди асосии нерӯгоҳ ба 1 милларду 950 миллион доллар ҳисоб шудааст. Тоҷикистон барои сармоягузории муҳимтарин тарҳаш – нерӯгоҳи Роғун соли гузашта тасмим гирифт, ки 1 миллиард доллар коғазҳои қиматнок ва ё вомбаргҳои давлатӣ нашр кунад. Дар даври нахустин 500 миллион доллари ин вомбаргҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш гузошта шуд.
Сарбанди "Роғун", ки баландиаш 335 метрро ташкил хоҳад дод, дар ҷаҳон баландтарин садд ба ҳисоб меравад. Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Камбуди барқ аз мушкилиҳои аслӣ барои Тоҷикистон дар даврони истиқлол аст. Мардуми Тоҷикистон солҳо аз ин мушкил азият мекашанд ва ба гуфтаи мутахассисон иқтисоди кишвар ҳам аз бебарқӣ хисороти азиме дидааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нуқтаи авҷи ин мушкил ба соли 2008 бармегардад, ки аксари мардум дар Тоҷикистон дар сардтарин рӯзҳои зимистон бидуни барқ монданд. Дар он сол ҳатто беморхонаҳои Тоҷикистон нирӯи барқ надоштанд ва фавти тифлони навзод дар зоишгоҳҳо аз бебарқӣ сабт шудааст.