Наққошии чандмиллионии Рембрандтро мехостанд, аз Узбекистон ба хориҷ баранд

Дар Узбекистон бо қарори додгоҳ аз 7 ноябр, наққошиеро ҳамчун далели шайъӣ мусодира карданд, ки чанд миллион евро арзиш дорад. Наққошӣ ба гирдоварандаи расмҳо Николай Плужников тааллуқ дорад, ки соли 2004 даргузашт.

Ба гуфтаи писари Николай Плужников – Андрей, падараш наққошии Рембрандтро соли 1945, ҳангоми ҳамлаи Берлин ҳамчун ғанимат ба даст оварда буд.

"Падарам се рӯз пеш аз маргаш онро ба ман нишон дода, гуфт, яке аз қиматтарин наққошиҳост. Тибқи навиштаи поварақи расм, онро соли 1940 ба Олмон овардаанд. Ман хулосаи ташхиси Вазорати фарҳанги Узбекистонро ҳам дорам, ки расм воқеан ба Рембрандт тааллуқ дорад", - гуфт Плужникови хурдӣ.

Андрей Плужников расмро соли 2014 ба Камила Юлдошова, ки бо хариду фурӯши асарҳои ҳунарӣ машғул аст, дод, то дар музоядаи ҷаҳонӣ 12 миллион евро фурӯшад. Вале Юлдошова расмро гирифт ва ғайб зад.

"Ба Вазорати умури дохилӣ ва додситонии Узбекистон шикоят кардам. Дар натиҷа парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва 14 июни соли равон расмро аз бағочи Рафаэл Фузайлов, ки мехост аз Тошканд ба Исроил сафар кунад, пайдо карданд", - афзуд Плужников.

Парвандаи мусодираи наққошӣ таҳти назорати Додситонии кулли Узбекистон қарор дорад. "Тафтиш ба поён расид ва парванда барои баррасӣ ба додгоҳ интиқол ёфт. Плужников наққоширо ихтиёран ба Юлдошова фурӯхтааст ва дар кирдори дувумӣ осори ҷиноят дида намешавад. Наққоширо бо роҳи қочоқ мехостанд, аз Узбекистон бароранд. Дар ҳоли ҳозир, ин асар муваққатан то содир шудани ҳукми додгоҳ мусодира шудаст", - омадааст дар иттилоияи Додситонии кулли Ӯзбекистон.

Вазорати фарҳанги Узбекистон дар хулосаи ибтидоии ташхиси худ гуфтааст, ки наққошӣ арзиши таърихӣ дошта, эҳтимолан ба мактаби Рембрандт тааллуқ дорад.