Мулоқоти додситони кулли Тоҷикистон бо муовини вазири адлияи ИМА

Yusuf Rahmon & Bruce Swartz

Додситони кулли Тоҷикистон дар ҷараёни боздидаш аз Вашингтон, бо мақомоти ҳифзи қонуни ИМА дидору мулоқот анҷом дод. Ба иттилои вебсайти додситонии кулли Тоҷикистон, рӯзи 7 ноябр додситони кулл Юсуф Раҳмон бо муовини вазири адлияи ИМА Брюс Швартс дидору гуфтугӯ анҷом дод. Дар хабар гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот ҳамкориҳои ҳуқуқии дуҷонибаи миёни додситонии кулли Тоҷикистон ва вазорати адлияи ИМА баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо роҷеъ ба тавсеаи ҳамкориҳо дар самти таҳқиқи ҷинояту ҷинояткорӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масоили барои ҳарду кишвар муҳим сӯҳбатҳо анҷом доданд. Брюс Швартс аз Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар таҳқиқи ҳодисаҳои террористӣ изҳори миннатдорӣ кард.

Ба иттилои ҳамин манбаъ, рӯзи 6 ноябр Юсуф Раҳмон бо директори Бюрои федералии тафтишотии (ФБР) ШМА Кристофер Рэй дидору гуфтугӯ кард ва дарин мулоқот Рей аз Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар раванди тафтишоти амали террористии 29 июл дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон изҳори сипос кард.

Ҳамла рӯзи 29-уми июли имсол дар минтақаи Себистони Данғара рух дод. Дар пайи он чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Остин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

Масъулияти ҳамла ба сайёҳонро ҳарчанд гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифтаст, аммо ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ баланд гардид. Аммо ин ҳизб даст доштани худ дар ин ҳамларо рад кардааст.