Дар маросими ифтитоҳи агрегати аввали Роғун вазири оби Узбекистон иштирок мекунад

T

Вазири хоҷагии оби Узбекистон Шавкат Ҳамроев барои ширкат дар маросими ба кор андохтани агрегати аввали нирӯгоҳи барқи обии Роғун рӯзи 16 ноябр ба Тоҷикистон сафар мекунад. Ба иттилои манбае дар ҳукумати Тоҷикистон, қарор аст дар маросими ба кор андохтани агрегати аввал бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон инчунин намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои ҳамсояи Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон ва Покистон ҳам иштирок кунанд.

Дар баробари кишварҳои узви тарҳи CASA-1000, инчунин дипломатҳои хориҷии мустақар дар Тоҷикистон ва намояндагони матбуот иштирок кунанд. Интизор меравад, ки агрегати аввал бо иқтидори 100 мегаватт ба кор андохта шуда, дар маҷмӯъ тавони он 600 мегаватт барқро ташкил хоҳад дод. Бунёд ва ба кор андохтани панҷ агрегати дигари Роғун тадриҷан ҷараён мегирад ва соли 2019 агрегати навбатӣ ба кор дароварда мешавад. Иқтидори умумии нирӯгоҳи Роғун 3600 мегаватт буда, дар маҷмӯъ барои бунёди он 4 миллиард доллар сармоя зарур мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон бунёди нирӯгоҳи Роғунро як тарҳи муҳими стратегӣ меномад ва барои сармоягузории он аз буҷа ва аз сармоягузорони хориҷӣ маблағ ҷалб мекунад.