Ноиби барканоршудаи нахуствазири Узбекистон мансаби нав гирифт

Зоир Мирзоев

Зойир Мирзоев, ноиби барканоршудаи нахуствазири Узбекистон раиси ноҳияи Шароф Рашидови он кишвар таъйин шуд.

Мирзоев дар ҷараёни ҷаласаи ғайринавбатии вакилони мардумии Узбекистон ба ин вазифа таъйин шуд, хабар медиҳанд расонаҳо.

Ӯ 29 октябр баъди ҷанҷоли муҷозоти ғайримаъмулии мансабдорони ноҳияҳои Оққурғон ва Бекобод аз мақомаш барканор шуда буд.

Мирзоев дар ноҳияи Оққурғон кишоварзони маҳаллиро маҷбур кард, ба хотири об надодани заминҳо дохили ҷӯйбори оби сард рост истанд ва дар ноҳияи Бекобод мансабдорони маҳаллиро барои омода накардани заминҳои кишоварзӣ бо кулухҳо болои сарашон акс гирифт.