Оташбасе, ки ҷанги хунинро поён дод, 100-сола шуд

Раҳбарони даҳҳо кишвар рӯзи 11-уми ноябр барои ширкат дар маросими 100-умин солгарди оташбасе ҷамъ омаданд, ки ба Ҷанги Ҷаҳонии Аввал хотима дод. Дар ин маросим, ки дар шаҳри Париж сурат мегирад, 70 раҳбари ҳукумат ва кишварҳои ҷаҳон ҳузур ёфтанд.

Сад сол пеш дар рӯзи 11-уми ноябри соли 1918 дигар садои аслиҳа баланд нашуд ва бо ҳамин ҷанги чаҳорсолае тамом шуд, ки дар ҷараёни он 10 миллион сарбоз ва миллионҳо нафар ғайринизомии дигар кушта шуданд.

Дар маросими таҷлил ва дар зери борони сахт, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар назди Арки Пирӯзӣ дар Париж, дар назди гӯри сарбози беном сукут карданд.

Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса дар шоме, ки барои меҳмонон рӯзи 10-уми ноябр орост, гуфт, сулҳи бадастомадаро бояд эҳтиёт кард. Ӯ гуфт, “Баъзе аз мо дар замони ҷанг дар ҷабҳаҳои муқобил меистодам ва имрӯз якҷо ҳастем. Ва ин беҳтарин эҳтиром ба сарбозони ҷонбохта аст.”