Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, рӯзи шанбе таҳримҳои нави Амрико алайҳи ин кишварро “бе таъсир” хонд ва гуфт, “Иёлоти Муттаҳида дар пайи фишор бар мардум аст”.
Рӯҳонӣ дар суханронии тариқи садо ва симои Эрон гуфт, “таҳримҳо ҳеҷ таъсире бар раванди иқтисодии кишвар надоштааст”. Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Эрон, “Амрико на дар пайи фишор овардан бар низом ва ҳукумат, балки ба дунболи фишороварӣ бар мардуми Эрон аст”.
Таҳримҳои зидди Эрон, ки рӯзи 5-уми ноябр ба иҷро даромаданд, ба бахшҳои мухталифи иқтисоди Эрон, аз ҷумла сохтори бонкӣ ва ширкатҳои нафт таъсир мерасонад. Вашингтон муваққатан ба ҳашт кишвар иҷоза дод, ки аз Эрон нафт бихаранд.
Кишварҳои дигар дар сурати муомилот бо Теҳрон таҳти таҳрим қарор мегиранд.
Ин таҳримҳо қаблан тибқи созишномаи ҳастаӣ, ки соли 2015 миёни Эрону шаш қудрати ҷаҳонӣ имзо шуд, лағв гардида буд. Дар ивази ин созишнома Эрон фаъолияти ҳастаии худро боздошт.
Аммо президент Доналд Трамп дар моҳи майи имсол бо даъвои онки ин созиш наметавонад Теҳронро аз сохтани аслиҳаи атомӣ боздорад, Амрикоро аз мувофиқатнома берун кард ва таҳримҳоро дубора ҷорӣ намуд.