Ситоиш аз Даниел Рустамов, овозхони 23-солаи тоҷик дар "Голос"-и Русия

Даниел Рустамов

Даниел Рустамов, сокини 23-солаи Тоҷикистон ва донишҷӯи Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои Маскав, ба даври навбатии озмуни “Голос” дар Русия роҳ ёфт. Рустамов шоми 9-уми ноябр дар ин барнома таронаи Versace On The Floor-и Бруно Марсро хонд ва аз ҳимояти се довар – Ани Лорак, Баста ва Сергей Шнуров – бархӯрдор шуд.

Ани Лорак, овозхони маъруф, пас аз шунидани онки Даниел Рустамов аз Душанбе аст, гуфт, “мо ин шаҳрро надидем, вале ба шарофати шумо медонем, ки дар онҷо чӣ қадар ҳунармандони боистеъдод зиндагӣ мекунанд”. Доварони низ дигар аз маҳорати Даниел Рустамов ситоиш карданд.

Худи Даниел гуфт, эҳсосашро наметавонад бо сухан баён кунад. “Ҳама кор имконпазир аст ва ҳар орзу ҷомаи амал пӯшиданист, агар одам талош кунад ва заҳмат кашад”, - афзуд ӯ.

Ду сол пеш Даниел Рустамов нирӯи овозхонии худро дар барномаи X-Factor-и Украина ҳам санҷида буд.

Даниел Рустамов моҳи ноябри соли 1995 дар хонаводаи пизишк дар Душанбе ба дунё омада, ҳамон тавр, ки дар саҳифаи Фейсбукаш ишора кардааст, забонҳои тоҷикӣ, русӣ, куриёӣ ва англисиро медонад. Ӯ мегӯяд, дар оилаашон касе овозхон нест, вале ин меҳр аз хурдӣ дар дилаш буд ва то охири роҳ хоҳад рафт.