Муфаттишони Амрико ба мақомоти тоҷик изҳори сипос карданд

Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Кристофер Рэй, мудири Бюрои федералии тафтишотии Амрико, аз мақомоти тоҷик барои ҳамкорӣ дар таҳқиқи қазияи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ изҳори сипос кардааст. Дар ҳамла ба як гуруҳ ҷаҳонгардони хориҷӣ дар охири моҳи июл чаҳор сайёҳ, аз ҷумла ду шаҳрванди Амрико, кушта шуданд.

Мақомот рӯзи 8-уми нобяр гуфтанд, додситони кулл Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй дар шаҳри Вашингтон суҳбат кардааст. “Ду тараф масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба барои мубориза зидди ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳое ба мисли терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро баррасӣ карданд”, - гуфтанд дар Додситонии кулл.

Мудири Бюрои федералии тафтишотии Амрико дар ҳоле аз мақомоти тоҷик барои ҳамкорӣ дар таҳқиқи ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ ташаккур мекунад, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии ин парвандаро ба марҳилаи ниҳоӣ расондааст. Қарор аст, рӯзҳои наздик ҳукми муттаҳамони ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ эълон шавад. Дар курсии айбдорӣ 15 нафар нишастаанд.

Ҳамла рӯзи 29-уми июли имсол дар минтақаи Себистони Данғара рух дод. Дар пайи он чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Остин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

Масъулияти ҳамла ба сайёҳонро ҳарчанд гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифтаст, аммо ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ баланд гардид. Аммо ин ҳизб даст доштани худ дар ин ҳамларо рад кардааст.