Коргардон Кирилл Серебренников дар додгоҳ гуфт, ки иттиҳоми дар бораи дуздии пулҳои театрро эътироф намекунад.
Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 7-уми ноябр аз толори додгоҳи Мешанскии шаҳри Маскав хабар дод, ки Серебренников ба саволи додрас дар бораи он ки то куҷо ӯву чанд ҳамкораш дар фосилаи солҳои 2011 то 2014 беш аз 130 миллион рубли буҷети давлатиро аз худ кардааст, посухи рад дод. Серебренников дар додгоҳ гуфт, ки иттиҳоми додгоҳ барои ӯ нофаҳмо аст.
“Калимаҳоро мефаҳмӣ, вале мазмунашро не”, - гуфт ӯ.
Муттаҳамони дигар - собиқ раиси "Студияи ҳафтум" Юрий Итин, раҳбари собиқи "Гоголь-центр" Алексей Малобродский ва раиси дигари театр (РАМТ) Софя Апфелбаум - иттиҳомро комилан рад карданд.
Аз ин пеш танҳо муҳосиби театри "Студияи ҳафтум" Нина Масляева иттиҳомотро тасдиқ кард ва зидди Серебренников ва дигар гумонбарон баёнот дод.
Дар нутқи айбдоркунанда аз ин пеш гуфта шуд, ки Серебренников раҳбари тарҳ буд ва шахсан худаш бо Вазорати фарҳанг қарордод имзо карда пулҳоро гирифтааст ва дигар муттаҳамон бо ӯ ҳамкорӣ кардаанд.