Глатских барои назарҳои баҳсбарангез аз мақом барканор шуд

Мунтақидон назарҳои мақомдори Свердловскро мухолифи сиёсати Путин дар масоили ҷавонон арзёбӣ карданд

Сардори раёсати сиёсати ҷавонони вилояти Свердловски Русия Олга Глатских муваққатан, то замони анҷоми тафтишоти хидматӣ, аз иҷрои салоҳиятҳояш барканор шуд.

Дар ин бора рӯзи 6-уми ноябр бахши русии Радиои Озодӣ хабар дод. Далели ин тасмим – изҳори назарҳои Глатских дар мулоқот бо ҷавонони фаъоли шаҳри Кривоград шуд. Дар мулоқот Глатских гуфт, давлат вазифадор нест, ки ба кӯдакон кумак кунад, балки ин масъулияти волидони онҳо аст.

Қарори аз мақом канор рафтани сардори раёсати сиёсати ҷавононро раиси вилоят Евгений Куйвашев имзо кард. Аз ин пеш ӯ суханҳои мақоми зердасташро интиқод кард ва гуфт, баръакс, сиёсати давлати Русия ба пуштибониву ғамхорӣ дар ҳаққи насли наврас равона шудааст.

Дар мулоқоте, ки маълум нест кай баргузор шуд, вале рӯзи 5-уми ноябр дар шабакаҳои интернетӣ баҳсу интиқоди зиёд ба бор овард, Глатских дар посух ба савол оид ба саҳми давлат дар тарҳҳои марбут ба кӯдакон чунин посух дод: "Давлат аз шумо нахоста буд, ки таваллуд кунед". Ин ишораи ӯ ба волидони кӯдакон буд.

Баъди ин худи Глатских гуфт, ки назари ӯ таҳриф шудааст ва мазмуни гуфтаҳои ӯ ин аст, ки волидон ва оила гарави пешрафти ҷавонон мебошанд ва давлат ёвари онҳо аст.

Олга Глатских қаҳрамони бозиҳои олимпии соли 2004 дар бахши бозиҳои гурӯҳии гимнастика мебошад. Ӯ аз соли 2016 раҳбарии департаменти сиёсати ҷавононро дар ҳукумати вилояти Свердловск бар ӯҳда дорад.