Роҳи Муродалӣ аз Рӯдакӣ то Украина

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки давлати Украина яке аз "хатарноктарин" тоҷики узви гурӯҳи тундрави ДИИШ-ро, ки ду соли пеш бо дархости "Интерпол" боздошт карда буд, раҳо кардааст. Пайвандон ва вакили дифояш ӯро бегуноҳ медонанд.

Ба гуфтаи мақомот, Муродалӣ Ҳалимов, сокини 37-солаи ҷамоати Навободи ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар олами ҷиноӣ бо тахаллуси "Бос" шинохта мешавад, бар асоси чор моддаи Кодекси ҷиноятӣ, "зархаридӣ", "терроризм", "узвият дар гурӯҳи мамнӯи Салафия" ва "ташкили иттиҳоди ҷиноӣ", ҷустуҷӯ мешавад.