Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон гуфт, то ба ҳол дар бораи чигунагӣ ва замони баргузории нишасти Маскав дар мавриди Афғонистон бо Русия ба тавофуқ нарасидааст.
Суҳбатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи вазорат, рӯзи 4-уми ноябр дар суҳбат бо бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, иштироки аъзои Шӯрои олии сулҳи Афғонистон дар нишасти Маскав “қобили баҳс аст”.
“Дар масъалаҳои дигар дар ҳоли музокира ҳастем. То ҳанӯз дар бораи чигунагии баргузории нишаст дар ҳузури намояндаи ҳукумат ба тавофуқ нарасидем”, - афзуд ӯ.
Вазорати умури хориҷии Русия эълон кард, ки рӯзи 9-уми ноябр дар Маскав нишасти бахшида ба сулҳи Афғонистон бо ҳузури намояндагони расмии баъзе кишварҳо ва дафтари сиёсии Ҷунбиши Толибон дар Доҳа баргузор хоҳад шуд.
Ин вазорат дар иттилояи расмии худ гуфт, барои иштирок дар ин нишаст намояндаҳои Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Чин ва инчунин Амрикоро даъват кардааст. Аммо гуфта нашудааст, ки то ҳол кадоме яке аз ин кишварҳо даъватро пазируфтаанд.
Тарафи Русия гуфт, Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон ваъда додааст, ки ба ин нишаст ҳайати Шӯрои олии сулҳи кишварашро мефиристад.
Қабл аз эълони расмии Вазорати умури хориҷии Русия, хабаргузории “Ройтерс” навишт, ки Маскав аз сиёсатмадорони шинохтаи афғон, аз ҷумла раиси ҷумҳури пешини он кишвар Ҳомид Карзай даъват кардааст, то дар нишаст иштирок кунанд.