Покистон гуфт, Осия Бибӣ ҳаққи ба хориҷа рафтанро надорад

Осия Бибӣ

Осия Бибӣ, як зани масеҳӣ, ки лағви ҳукми қатли ӯ дар Покистон боис ба хашми исломгароёни тундрав шуд, аз тарафи мақомҳои ин кишвар мамнуъ-ул-хуруҷ гардидааст.

Нурулҳақ Қодирӣ, вазири умури дини Покистон, рӯзи 3-юми ноябр гуфт, ки Осия Бибӣ то замони баррасии дубораи қазияаш аз тарафи Додгоҳи олии ин кишвар ҳаққи ба хориҷа рафтанро надорад.

Гуфта мешавад, ин иқдом бахше аз тавофуқест, ки миёни ҳукумати Покистон ва гуруҳи “Таҳрики Лаббайк” сурат гирифтааст. Гуруҳи “Таҳрики Лаббайк” дар ин кишвар се рӯз тазоҳуроти густардаро роҳандозӣ кард.

Додгоҳи олии Покистон рӯзи чаҳоршанбеи гузашта ҳукми эъдоми Осия Бибиро лағв кард ва гуфт, ки ӯ аз банд раҳо шавад.

Осия Бибӣ соли 2010 бо ҷурми куфргӯӣ ба қатл маҳкум шуда буд. Пас аз ҳукми раҳоии ӯ, вакили мудофеи Осиё Бибӣ гуфта буд, қарор аст, ӯ ба зудӣ ба хотири дархости паноҳандагӣ ба Фаронса ва ё Испания биравад.

Покистон барои куфргӯӣ ҳукми қатл муқаррар кардааст ва чандин нафар чунин ҷазо гирифтаанд, вале ҳукми ҳеҷ яке аз онҳо то кунун иҷро нашудааст. Баъзе аз ин гуна афродро дертар озод кардаанд ва онҳо низ аз тарси хатар ба ҷонашон аз Покистон гурехтаанд.

Маркази Адолати Иҷтимоӣ дар шаҳри Лоҳур мегӯяд, аз соли 1987 то соли 2016 дар Покистон камаш 1472 нафар ба куфргӯӣ муттаҳам шудаанд. Ба гуфтаи созмон, аксарияти онҳо худи мусулмонон баъдан пайравони ҷараёни Аҳмадия, масеҳиён ва ақаллиятҳои ҳинду ҳастанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, аксар вақт ифротгароён ва ҳам мардуми оддӣ дар Покистон бо сӯиистифода аз қонун дар бораи куфргӯӣ, аз фарде, ки ба ӯ хусумат доранд, ниқор мегиранд.