Додгоҳ, мурофиаи пурсарусадои занеро ки ба сузанзанӣ ба бадани тифли худ муттаҳам буд, муваққатан боздошт ва талаб намуд, ки таҳти шиканҷа эътироф кардани гуноҳи ӯ санҷида шавад. Қарор аст, ин таҳқиқ аз сӯи Додситонии кулл анҷом шавад. Ҳоло масъалаи таҳти шиканҷа иқрор шудани модар ба амали худ дар нисбати фарзанадаш як гиреҳи бастае дар ошкор кардани қазияи мазкур боқӣ мондааст.
Худоёр Ёрматов, вакили дифои ин зан, 2-юми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз додрас хостааст қазияро додситони кулл аз нав таҳқиқ ва муттаҳами аслиро пайдо кунад. Ин вакили дифо гуфт, зерҳимояш аз пурсишҳои аввал гуфтааст, ки ҷурмро зери фишору шиканҷа ба ӯҳда гирифтааст. “Аз ин хотир мо ҳам гуфтем ки, бигузор додситонии кулл аз нав инро таҳқиқ кунад ва хулосаи худро гӯяд”.
Муҳайё Ёқубова, модари Мудассир Каримов, тифле, ки табибон охири моҳи июн дар баданаш беш аз 10 сӯзан ёфтанд, рӯзи 3-юми октябр дар толори додгоҳ гуфт, қаблан гуноҳро зери фишору таҳдиди пулис ба гардан гирифта буд, “аммо дар асл ин корро накардааст”.
Ҳодиса аввали моҳи июли имсол расонаӣ шуд ва мақомот Муҳайё Ёқубоваи 26-сола, модари Мудассир Каримови яксоларо барои содир кардани ин ҷиноят гумонбар донистанд. Мақомот гуфтанд дар баёноти муқаддамотӣ модар иқрор шудааст, ки ба хотири аз Русия ба Тоҷикистон баргардондани ҳамсари муҳоҷираш ба чунин кор даст задааст. Иддаое, ки ин модар рад мекунад.
Аммо Муҳайё Ёқубова ба суоли аввалини додрас ва додситон, ки оё ӯ ба бадани фарзандаш беш аз даҳ сӯзан халондааст, посухи рад дод. Вай гуфт, рӯзи 6-уми июли имсол дар бозпурсии панҷсоатӣ, ин иттиҳомро зери фишор ва таҳдиди маъмурони милиса ба гардан гирифтааст. Муҳайё Ёқубова гуфт: “Онҳо таҳдид карданд, ки даҳ сӯзанро ба бадани худам мехалонанд ва мебинанд, ки чӣ гуна дард мекашам. Ҳамчунин дар шуъбаи корҳои дохилӣ, ки қариб панҷ соат маро бозпурсӣ карданд, гапҳои бад гуфтанд. Аз тарси рафтори номуносиби панҷ нафаре, ки маро бозпурсӣ мекарданд, ночор гуноҳро ба гардан гирифтам. Гуфтам, “ҳар чизе, ки мехоҳед, гӯед, ҳамонро мегӯям”.
Ҳоло парвандаи ин модар дар додгоҳ, бар асоси моддаи 110, қисми 2, яъне “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” баррасӣ мешавад. Барои ин ҷиноят аз 8 то 12 соли зиндон пешбинӣ шудааст.
Аввали моҳи июли имсол табибони бемористони Қарияи Боло аз ошкор шудани 10 сӯзан дар бадани як кӯдаки 9-моҳа хабар дода ва қотеона таъкид карданд, ки кӯдак сӯзанҳоро мустақилона фурӯ набурдааст. Ташхиси рентгенӣ сӯзанҳоро дар косахонаи сар, поёни ноф, пойҳо, гардану қафаси сина ва бахшҳои дигари ҷисми кӯдак ошкор кард. Ин сӯзанҳо дар баъзе қисматҳои бадани кӯдак дар зери пӯст ва ҷойҳои амиқ фурӯ рафтааст. Дар нахустин ҷарроҳӣ табибон 6 сӯзанро берун овардаанд.
Мудассир фарзанди дуввуми хонавода аст. Падари кӯдак дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буда, модар масъулияти тарбияи фарзандонро ба ӯҳда дорад. Табибоне, ки ин тифлро ҷарроҳӣ карданд, мегӯянд, чунин ҳодиса дар таҷрибаи кории онҳо бесобиқа буд.