Жириновский ба Душанбе омад

Владимир Жириновский, муовини раиси Думаи давлатии Русия ва раҳбари Ҳизби либерал-демократии ин кишвар рӯзи 31-уми октябр бо сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шуд. Ба иттилои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, нимаи дувуми имрӯз Владимир Жириновский ва ҳайати ҳамроҳи ӯ аз Қалъаи Ҳисор, ангурзорҳои ноҳияи Шаҳринав ва Турсунзода дидан мекунад. Фардо, 1-уми ноябр мулоқоти муовини раиси Думаи давлатии Русия бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ва мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар назар аст. Баъд аз зуҳри 1-уми ноябр Владимир Жириновский ва ҳайати ҳамроҳаш Тоҷикистонро тарк мекунад.